Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН

БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН

bonuvoni-tojikiston«БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН», маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон. Муассисаш Президенти Тоҷикистон. Аз сентябри 2006 ҳар моҳ бо забони тоҷикӣ (баъзе мавод бо забони русӣ) дар ҳаҷми 32 саҳифа нашр мешавад. Дар маркази вилоятҳо мухбирони худро дорад. Мақсад аз ташкили «Бонувони Тоҷикистон» инъикоси муваффақият ва бозтобу таҳлили мушкилоти бонувони Тоҷикис­тон мебошад ва тибқи вазоифи оинномавӣ дар ҳамин самт фаъолият дорад. Дар «Бонувони Тоҷикистон» зери рубрикаҳои «Симои зани муосир», «Зан ва сиёсат», «Дин ақл аст», «Мактаби модарони ҷавон», «Бонувон дар парлумон», «Зан ва мансаб», «Мушкилот», «Танзими маросимҳо», «Окно в мир», «Ҳунар», «Чеҳракушоӣ», «Таҷрибаи сиёсӣ», «Варзиш», «Бонувони соҳибистиқлол» ва ғайра мавод ба табъ мерасад, ки қариб тамоми ҷанбаҳои фаъолияти бонувони тоҷикро дар бар мегирад. Сармуҳаррираш Шаҳлои Насриддин. Адади нашр 14300 Нусха (2013).               

И. Сулаймонӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …