Маълумоти охирин

БОНУС

bonusБОНУС (лот. bonus – некӯ, хуб), подоши изофӣ, ҷоиза, изофапулӣ ба маош, мукофотпулӣ дар шаклҳои пулӣ ва молӣ. Одатан ин мафҳумро ҳамчун подоши иловагӣ ё ҷоиза тафсир медиҳанд. Бонус воситаи муносиби ҳавасмандсозию таъсирбахшӣ ба кормандон буда, як ё ду маротиба дар шакли пулӣ ва ғайра пардохт мешавад. Дар суғурта, тиҷорат ва ғайра тахфифи иловагиест, ки барои харидор пеш­ниҳод мегардад. Дар дигар ҳолатҳо тахфифи иловагиест, ки аз ҷониби фурӯшанда, мугобиқи шартҳои муомила ё созишномаи алоҳида пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, он­ро ба маънии баҳраи ҳисобии изофӣ истифода мебаранд.

Адабиёт.: Большая советская энциклопедия. Т. 3. Москва 1970; Экономиче­ская энциклопедия. Москва, 1999; Деньги, кредит, банки (учебник) / Под ред. Жукова Б. Ф. Москва, 2009.

Р. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …