Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОНУГУШАСПНОМА

БОНУГУШАСПНОМА

shohnoma«БОНУГУШАСПНОМА» яке аз достонҳои хамосиест, ки дар сабку равияи «Шоҳнома»-и Фир­давсӣ, дар баҳри мутақориб, тақрибан дар асри 11 (дар ҳаҷми 900 байт) таълиф шудааст. Муаллифаш номаълум. Дар ин достон аз корнамоиҳо, ҷангу набардҳои Бонугушасп – духтари Рустам сухан меравад. Дар достонҳои «Баҳман­нома», «Барзунома» аз Бонугушасп ва ҷангҳояш бо душманон ёд шудааст, вале воқеаҳо ва лаҳзаҳое, ки дар «Бонӯгушаспнома» тасвир шудаанд, аз достонҳои номбурда фарқ мекунанд. Дар ин достон аз ҷанги Бонугушасп бо шерону дарандагон, саҳнаҳои шикори ӯ, ҷангҳояш бо баъзе амирону подшоҳон ва мағлуб кардани онҳо сухан меравад. Рустам хост, ки Бонугушаспро ба Гев – паҳлавони номдор, писа­ри Гударз ба занӣ диҳад, вале Бонугушасп пеш аз завҷаи Гев шудан ба набарди ӯ бархоста, пирӯз шуд. Барои ин аъмолаш Рустам ӯро танбеҳ дод. Дар достон инчунин аз набарди Бонугушасп бо Рустам ва писараш Фаромарз (пеш аз набард онҳоро нашинохт) ёд шудааст. Дар ин на­бард Бонугушасп Рустамро маҷруҳ кард.

Як нусхаи «Бонӯгушаспнома» дар Китобхонаи миллии Фаронса, нус­хаи дигараш дар китобхонаи Музейи Британия мавҷуд аст.

Г. Саъдиева.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …