Маълумоти охирин

БОНН

bonnБОНН (Воnn), шаҳр дар Олмони Ғарбӣ (музофоти Рейн- Вестфалия), дар соҳили дарёи Рейн. Аҳолиаш 324899 нафар (2010; бо аҳолии шаҳрҳои Кёлн ва Леверкузен зиёда аз 3 млн нафар). Маркази нақлиётӣ, дар ҳайати системаи роҳи оҳани баландсуръати умумиаврупоӣ аст. Бандари дарёӣ ва аэропортӣ байналмилалӣ дорад. Дар асри 1 то милод дар ҷойи истеҳкоми ҳарбии легионерони румӣ (Кастра Боннезия) бунёд шудааст. Аз соли 1244 шаҳр. Аз соли 1815 дар ҳайати Пруссия. Солҳои 1949-91 пойтахти ҶФО буд. Бонн маркази маъмурию сиёсии муҳим асг. Баъди ба Берлин кӯчидани пойтахти Олмони муттаҳидшуда дар Бонн як қатор вазоратҳо ва дигар мақомоти олии федералӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, консулгарии бисёр давлатҳо, намояндагиҳои ВАО боқӣ монданд. Дар Бонн корхонаҳои нассоҷӣ, электротехникӣ, фабрикаҳои истеҳсоли мебел барои идораҳо, маводди канселярӣ ва дастгоҳҳои табъу нашр фаъолият доранд. Соли 1990 Маркази илмӣ-таҳқиқотии аврупоии пешқадами «Сезар» таъсис ёфт. Дар Бонн хидматрасонии молиявӣ ва суғуртавӣ васеъ ривоҷ ёфтааст. Сайёҳӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бонн донишгоҳ (1777), академияи педагогӣ, қариб 20 институти таҳқиқоти илмӣ, театрҳо, толорҳои консерт, консерватория, осорхонаи бадеии академӣ дар назди донишгоҳ, осорхонаи бостоншиносӣ, таърихи дақиқ, Осорхонаи инфиродии Люд­виг ван Бетховен (дар Бонн таваллуд шудааст) ва боғи ботаникӣ мавҷуд аст. Аз ёдгорҳои меъморӣ Калисои ҷомеи романии Санкт-Кассиус-унд-Флоренсиус (асрҳои 12-13), Калисои готии Санкт-Ремигиус (асрҳои 13-14) боқӣ мондаанд. Бонн ҷойи баргузории конгрессҳо, анҷуманҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ аст. Дар Бонн фестивалҳои байналмилалии санъати театрӣ, фестивали мусиқии Бетховен ва фестивали филмҳои беовоз баргузор мешаванд.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. 3 (1). Москва, 2005.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …