Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

idbБОНКИ ИСЛОМИИ РУШД (Islamic Development Bank), созмони байналмилалии молиявӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ. Бонки Исломии Рушд 18 декабри 1973 дар конференсияи аввали вазирони молияи кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ бунёд шуда, фаъолияти худро 20 октябри 1975 оғоз кардааст. Сармояи Бонки Исломии Рушд аз ҳисоби ҳаққи узвияти кишварҳои аъзои он ташаккул ёфтааст. Айни за­мон иттиҳоди Бонки Исломии Рушд ташкил ёфтааст, ки ба он созмонҳои Иттиҳодияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Иттиҳодияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ, Институти таҳқиқотӣ ва омӯзиши исломӣ, Иттиҳодияи байналмилалии тиҷоратӣ – молиявии исло­мӣ дохил мешаванд ва ҳар кадом вазифаҳои муайяни ху­дро доранд. Мақсади асосии Бонки Исломии Рушд мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои он ва ҷаҳони исломӣ дар асоси қонун ва қоидаҳои шариати исломӣ мебошад. Воҳиди пули Бонки Исломии Рушд – динори исломӣ.

Сармояи хусусии Бонки Исломии Рушд 15 млрд динори исломиро ташкил медиҳад. Айни ҳол 56 давлати дунё узви Бонки Исломии Рушд буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 (дар маҷлиси солонаи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Конакрии Гвинея) узви он гардидааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд аз соли 1998 оғоз гардида, қарзҳои он дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад. Қарзҳои аз ҷониби Бонки Исломии Рушд пешниҳодшаванда барои барқарорсозии мактабу беморхонаҳо, хариди таҷҳизот ва сохтмони иншооти нави Тоҷикистон масраф гардидаанд. Аз ҷумла қисми зиёди роҳи мошингарди Кулоб-Хоруғ-Қулма то сарҳадди Чин аз ҳисоби маблағҳои Бонки Исломии Рушд ва шарикони он бунёд ва азнавсозӣ шудааст.

Адабиёт: Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Душанбе, 2008; Егоров А. В. Международная финансовая инфраструктура. Москва, 2009.

Ш. Раҳимзода. 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …