Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

БОНКИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

sberegatelniy-bankБОНКИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ БАЙНАЛМИ­ЛАЛӢ, муассисаи байналмилалии молиявӣ, ки барои мусоидат намудан ба ҳамкории байналмилалии асъорӣ дар сатҳи бонкҳои марказии давлатҳои дар фаъолияти он ширкаткунанда таъсис ёфтааст. Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ  соли 1930 аз ҷонибн кишварҳои Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Итолиё ҳамчун бонк-ҳамоҳангсози ҳисобу китобҳои байналмилалӣ оид ба пардохтҳои репаратсияҳое, ки Шартномаи сулҳи Версал муқаррар намудааст, таъсис дода шуда­аст. Айни ҳол қароргоҳи Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷамъияти саҳомии байналмилалӣ дар Базел буда, дар доираи ҳуқуқии Швейсария фаъолият дорад. Дар сармояи он ҳукуматҳои ҳамаи давлатҳои Аврупо (ба истиснои давлатҳое, ки пас аз пошхурӣи Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтаанд) иштирок менамоянд. Намояндагони давлатҳои ИМА, Ҷопон ва Канада дар ҷаласаҳои ҳармоҳаи Раёсати БҲКБ ширкат меварзанд. Фаъолияти Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ба таъсиси Клуби Базел, ки «ҷойи мулоқот»-и мусоид барои намояндагони сохторҳои гуногун ме­бошад, боис гардид. Клуби Базел ташаббускори бисёр созишномаҳои муҳимми байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ мебошад.

Адабиёт: Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Душанбе, 1999. Britanica. Настольная эн­циклопедия. Москва, 2008; Егоров А. В. Международная финансовая инфраструктура. Москва, 2008; Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарзӣ. Душанбе, 2008.

Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …