Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ ЭСХАТА

БОНКИ ЭСХАТА

esxata_bank«БОНКИ ЭСХАТА», ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК), бонки саҳомию тиҷоратии ғайридавлатӣ. 16 ноябри 1993 ҳамчун бонки тиҷоратии «Эсхата» аз тарафи соҳибкор Д. М. Носиров дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Соли 1994 иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт. Соли 1999 ба бонки саҳомии тиҷоратии «Эсхата» табдил ёфт. Аз 12 сентябри 2002 ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» мебошад. Ҳадафи асосии «Бонки Эсхата»: маблағгузорӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби мизоҷон ва маблағҳои озоди аҳолӣ, пасандозҳо, бо фоиз­ҳои камтарин додани кредитҳои имтиёзнок ба одамони эҳтиёҷманд ва ғайра. «Бонки Эсхата» соли 2008 ба тарзи идораи автоматӣ («ЦФТ-Бонк» — барномаи амалиётии рушд) гузашта, барои ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои мавҷуда, таъмини босамари рушди хидматрасонӣ ва ғайра шароит фароҳам овард. «Бонки Эсхата» ба мизоҷон аз рӯйи реҷаи 24 соат ва 7 рӯз хидмат мерасонад. Дорои 17 шуъба (филиал), 21 маркази хидматрасонии бонкӣ, 206 нуктаи интиқоли маблағ ва 42 автомати банкомат аст. Соли 2005 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Курғонтеппа, Панҷакент, соли 2008 дар навоҳии Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Ёвон ва Турсунзода, соли 2011 дар шаҳри Вахдат, соли 2012 дар ноҳияи Ҳисор шуьбаҳои он ташкил карда шуданд. Теъдоди мизоҷони «Бонки Эсхата» зиёда аз 20 ҳазор нафар аст (2013). Соли 2012 маблағҳои интиқолии пардохтшуда 3,1 млн сомониро ташкил дода, шумораи кормандон ба 1351 нафар расид. Соли 2012 ба мизоҷон тақрибан 460 млн сомонӣ қарз дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 20 дарсад зиёд аст.

Яке аз саҳмгузорони Бонки Эсхата Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд буда, онҳо дар ҳамкорӣ лоиҳаи наверо оид ба пешниҳоди кредит ба соҳибкорони хурду миёна баҳри беҳтар кардани сатҳи хидматрасонию ҷалби бештари мизоҷон, кортҳои пластикӣ, ҷорӣ намудани шабакаи миллии интиқоли пули «Сония», хидматрасонии «Бонк – Мизоҷ»-ро татбиқ намуданд. Бонки Эсхата бо соҳибкорони хурду мнёнае, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ иштиғол доранд, қарзҳои имти­ёзнок дода, ба амалиёти маблағгузории тиҷорат, пешгирии оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Бонки Эсхата бо мақсади зиёд ва васеъ кардани иқтидори худ, беҳтар кардани хидматрасонии амалиёти бонкӣ, инчунин рушди мунтазами тамға ва бо натиҷаҳои сазовор ворид гаштан ба бозори сармоягузории байнал­милалӣ муносибату ҳамкориҳои хешро бо ниҳодҳои молиявӣ пурзуртар менамояд. Аз ҷумла ҳамкории Бонки Эсхата бо ниҳодҳои молиявӣ оид ба ҷалб кардани маблағ ва таҷрибаи қарздиҳии байналмилалӣ дар фазои соҳибко­рии хурд ва миёна тибқи низоми дурнамо бо IFC, EBRD оид ба қарзҳои хурд: Deutsche Bank Blueorchard, Tripple-Jump, Simbiotics ва ғайра натиҷаҳои назаррас додааст. Бонки Эсхата бо тамоми ташкилотҳои молиявӣ-қарзии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ: Бонки Авру­поии Таҷдид ва Рушд, VTB Bank Deutschland, AG Frankfurt/Main SWIFT: OWHB DE FF; Commerzbank AG Frankfurt/Main (Олмон), Citi Bank N.A.New York, USA SWIFT: CITIUS33 SWIFT: COBADEFF (ИМА), Rietumu Banka Riga, Latvia SWIFT: RTMBLV2X (Латвия), «Внеш­торгбанк», «Сберегательный Банк Российской Федера­ции», «Русславбанк», «Транскапиталбанк», «Платежный Цеитр»-и Новосибирск, «Евротраст банк»; «Уралсиб»; «Инвестиционный Торговый Банк» (Руссия); «Белвнешэкономбанк»,  Vienna, Austria SWIFT: BELBBY2X (Бело­рус); «Казкоммерцбанк», «Банк Туран Алем» (Қазоқистон); «Демир Кыргыз Интернешнл Банк», «Халы Банк Кыр­гызстан» (Қирғизистон) ва ғайра муносибатҳои муросилотӣ дорад. Бонки Эсхата ширкаткунандаи Иттиҳоди байналмилалии алоқаи байнибонкии молиявӣ (шабакаи СВИФТ, Швейтсария 2002), Ҳамоиши (САММИТ) байналмилалӣ оид ба ҷамъияти иттилоотӣ (Тунис, 2005), Форуми байналмила­лии созандагони низомҳои иттилоотии бонкӣ (Руссия, 2005), Ҳамоиши бонкӣ оид ба навоварӣ ва рушд (Туркия, 2011) мебошад. Соли 2009 аз тарафи низоми «Золотая корона – Денежные переводы» сазовори ҷоизаи «Ҳамкории тилоии соли 2009» гардид. Соли 2007 барои фаъолона пешкаш намудани низоми «Алоқа» дар шуьбаҳои бонк аз тарафи ширкати рейтингии Ҳиндустон – «Макрил» ва яке аз беҳтарин ширкатҳои рейтингии Аврупо – Фаронса «Планет Рейтинг» баҳои баланд гирифт. Соли 2011 бо дипломҳои «Барои сатҳи баланди хидмат ба мизоҷон» (Юнистрим – интиқоли пулии шаҳри Душанбе), «Ба­рои мунтазам болоравии интиқоли пул дар низоми «Ҳамкорӣ» (Бонки тиҷоратӣ-саҳомии «Русславбанк»), «Барои натиҷаҳои барҷаста дар номгӯи «Ҳамкории беҳтарин дар Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

А. Назаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …