Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович

БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович

bongard-levin-grigorij-maksimovichБОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович (таваллуд 26.08. 1933, Маскав), яке аз муаррихон ва шарқшиносони рус. Дар оилаи кормаиди илмӣ таваллуд шудааст. Хат­мкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1956). Аз соли 1956 корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС. Роҷеъ ба таъри­хи пайдоиш ва умури идории империяи маврҳо, хусу­сиятҳои сохтори асосии империяи номбурда, таърихи Ҳинд ва дигар масъалаҳои таърихии марбут ба даврони бостон асару мақолаҳои бунёдӣ навиштааст. Муаллифи китобҳои таърихию таҳқиқотии «Ҳиндустони аҳди қадим» (1985, бо ҳаммуаллифии Г. Ф. Илии), «Аз Скифия то Ҳинд» (1983, бо ҳаммуаллифии Э. А. Грантовский) ва ғайра мебошад. Ширкаткунандаи чандин конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ дар мавзӯъҳои таърихи Шарқи бостон ва тамаддунҳои гуногуни он, ҳамчунин оид ба масъалаҳои антропология ва мардумшиносӣ дар Ҳалле (1953), Маскав (1960), Деҳлӣ (1964), Порис (1967,1968) ва ғайра.

Осор: Паришад в системе государственного управления импе­рии Маурьев//Древний Мир. Москва, 1962; Древние культуры//Народы Южной Азии. Москва, 1963; Легенда о Кунале. Москва, 1963.; Некоторые чер­ты сословной организации в чанах и санхах древней Индии//Касты в Индии. Москва, 1965.                                                           

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …