Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНДАРЕВ Юрий Василевич

БОНДАРЕВ Юрий Василевич

bondarevБОНДАРЕВ Юрий Василевич (таваллуд 15.3.1924, шаҳри Орски вилояти Оренбург), нависандаи рус. Ширкатку­нандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) аз августи 1942. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984). Хатмкардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1951). Ҳикояҳои нахустинаш соли 1949 дар матбуот чоп шуда­анд. Маҷмӯаи нахустинаш – «Дар дарёи калон» (1953), повести нахустинаш – «Командирони ҷавон» (1956). Мавзеи асосии эҷодиёти Бондарев дар ҳикояҳо, повестҳо ва романҳояш Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) мебошад. Дар повестҳои «Баталйонҳо ба ҳуҷум кардан даъват мекунанд» (1957), «Тирборони охирин» (1959), романи «Барфи гарм» (1969) ва ғайра. Бондарев қаҳрамониҳои аскарон, афсарон, генералҳои шӯравӣ, инчунин авзои рӯҳии онҳоро бо маҳорати баланд тасвир намудааст. Дар романҳои «Хомӯшӣ» (1962) ва идомаи он – романи «Ду нафар» (1964) воқеаву ҳодисаҳои давраи баъд аз ҷанг, саргузашти қаҳрамонони ба давраи осоиш расида ва мавқеи худро дар зиндагӣ ҷустани онҳо инъикос ёфтааст. Дар ҳикояҳои маҷмӯа «Шомгоҳ» (1962), повести «Хешовандон» (1969) Бондарев аз зиндагию омоли ҷавонони шӯравӣ ҳикоя кардааст. Бондарев яке аз муаллифони сенарияи филми «Озодӣ» (1970, дорандаи Мукофоти ленинӣ, 1972) мебошад. Дар романи тетралогия (чоргона)-и «Соҳил» (1975, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1977), «Интихоб» (1980; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1983), «Бозӣ» (1985), «Санҷиш» (1991) масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии давр (солҳои 70-80 замони шӯравӣ) матраҳ гардидаанд. Дар ин асарҳо инчунин мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) яке аз мавзӯъҳои асосӣ мебошад. Умуман дар тамоми осори Бондарев низоъҳои драмавии тезу тунди маънавӣ, иҷтимоӣ ба миён гузошта шуда­анд. Аз рӯйи асарҳои Бондарев «Тирборони охирин» (1961), «Хомӯшӣ» (1964), «Соҳил» (1984), «Барфи гарм» (1972) филмҳо офарида шуда, пешкаши тамошобинони собиқ ИҶШС гардида буданд.

Бондарев дар анвои дигари адабӣ – эссеҳои импрессионистӣ «Лаҳзаҳо» (1977-82), романи публитсистӣ дар мавзӯи рӯз «Салоҳиятҷӯӣ» (1994-96), китоби андешаҳо оид ба мавқеи адабиёт дар раванди таърих «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1976) ва ғайра низ асарҳо офаридааст. Бо ду ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), «Нишони Фахрӣ» сарфароз гадидааст.

Осор: Собрание сочинений в 8 томах., Москва, 1993-96; Избранное. Москва, 2004.

Адабиёт: Горбунова Е. Ю. Бондарев: Очерк творчества. Москва, 1989.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …