Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОНЧ-БРУЕВИЧ Владимир Димитриевич

БОНЧ-БРУЕВИЧ Владимир Димитриевич

vladimir_bonch-bruyevichБОНЧ-БРУЕВИЧ Владимир Димитриевич (28.6.(10.7) 1873-14.7.1955), ходими давлатӣ ва сиёсии Руссия, доктори илмҳои таърих. Соли 1892 Омӯзишгоҳи заминсозии Курскро хатм намуд. Аз соли 1895 ба ҳаракати сотсиал-демократӣ пайваст ва ба чопи як қатор нашрияҳои болшевикӣ пардохт. Дар солҳои 1898—99 ба мавҷи ҳаракати тариқатгароии зидди православӣ аз Қафқоз ва Канада иштирок дошт. Дар Британияи Кабир ва Женева «Маводди марбут ба таърих ва омӯзиши ҳаракати динию ҷамъиятӣ дар Руссия»-ро ба чоп расонд. Соли 1908 чопи ҳамин нашрияро дар Рус­сия аз нав таҷдид кард. Барномаи мушаххаси фаъолият ҷиҳати ҷалб намудани тариқатгарии мазҳабӣ ба ҳаракати коргариро пешниҳод на­муд. Бонч-Бруевич иштирокчии инқилобҳои Феврал ва Октябри соли 1917 мебошад. Солҳои 1917-20 сарпарасти умури ташкили КХС-и ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ. Аз соли 1920 ба корҳои илмӣ машғул буд. Аз соли 1933 директори му­зейи давлатӣ дар Маскав.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …