Маълумоти охирин

БОМШОД

imagesБОМШОД (фавт 634, Тайсафун), сароянда, навозанда, мусиқидон ва шоири машҳури замони Сосониён. Ҳунари сознавозию овозхониро дар зодгоҳаш омӯхта, дар дарбори шоҳони Сосонӣ чун ромишгар хидмат кардааст. Бомшод аз ромишгарони замони Борбад буда, дар иҷрои таронаҳои рустоӣ, фаҳлавиёт, достонҳои таърихию хамосӣ, сурудҳои силсилаи ниёишии «Каркуй», «Лоскавӣ», «Уроманӣ» маҳорати баланд доштааст. Бомшод дар инкишофи шаклу ан­вои шеърию мусиқии маъмули замонаш «тарона», «чакома», «суруд», «патвожа» ва ғайра нақши муассир гузоштааст. Муаллифи суруду оҳангҳои мавсимию маросимии «Бомшодӣ», «Найрез», «Ашкана», «Тези Рост» ва ғайра.

Адабиёт: Раджабов А. Традиции классической музыкальной культуры эпоха Сасанидов. Душанбе, 2005; Ҳамон. Борбад: эпоха, традиции и нова­торство. Душанбе, 2010; Ҳамон. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IVVII Душанбе, 2011.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …