Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОМҒУРА

БОМҒУРА

bomguraБОМҒУРА, деҳа дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Вахдат. Аз Бомғура то маркази шаҳри Вахдат 17 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 2071 нафар (2013). Деҳа нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Бомғура мактаб надорад. Талабагон дар мак­таби деҳаи Амоншайхӣ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ мешаванд. Бомғура аз солҳои 1916 бо номи Охкаппа (иборат аз мавзеъҳои Коргарони Сурх, Меҳнатобод ва Сулҳ) вуҷуд дошта, мактаби ибтидоӣ ва 7-сола, хоҷагиҳои ба номи «Чақирбой», «Маҳмараҷаббой», «Самандар» ва «Сайд» будааст. Аз сабаби дар мавзеи дурдаст ҷойгир будани деҳа соли 1949 Раҳимов Нарзулло ном шахс бо супориши ҳукумати онвақта аҳолии деҳаи Охкаппаро ба мавзеи сари роҳ кӯчондааст ва он Бомғура ном гирифта, дар ҳайати колхози «50-солагии Комсомол» (минбаъд колхози Ҷавонӣ) қарор доштааст. Айни замон дар ҳудуди Бомғура кооперативи истеҳсолии «Шоразми Боло» ва 22 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуд аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …