Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОМБАБОРОН

БОМБАБОРОН

bombaboronБОМБАБОРОН, амал ё аксуламали тахрибӣ, ки дар вақти муҳориба аз тарафи тааррузкунандагон ё мудофиагарон бо мақсади саркӯб кардани ҳамдигар ва расидан ба ҳадафҳои низомӣ иҷро мегардад. Дар Бомбарон барои ҳадафи мушаххас бомбаи махсус (нигар Бомба) истифода мешавад. Бомбаронро барои анҷом додани корҳое, ки аз нерӯи инсон ва ҳатто мошин болотар аст (масалан, дар роҳсозӣ, тағйир додани маҷрои дарё, нақбканӣ) низ истифода мебаранд. Ба маънои маҷозӣ олимони соҳаи физикаву кимиё баъзе таҷрибаҳоро Бомбаборонкунӣ меноманд, чунончи дар кимиё бар асари Бомбаборон кардани ҳастаи атом моддаи навро ба вуҷуд овардаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …