Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОМБААФКАН

БОМБААФКАН

bombaafkanБОМБААФКАН, бомбапарто, бомбаандоз, ҳавопаймоҳои ҳарбӣ барои маҳв кардани ҳадафҳои рӯйизаминӣ, зеризаминӣ, рӯйиобӣ, зериобӣ ва минагузорӣ аз ҳаво. Бомбаафкан қабл аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) пайдо шудааст. Аввал самолётҳои сабуки иктишофи (разведкакунанда)-ро чун Бомбаафкан истифода мебурданд. Дар дохили онҳо фақат чанд бомбаи хурд ҷойгир мешуд ва бомбаҳоро ҳавонавардон бо даст мепартофтанд. Дар ин солҳо барои бомбапартоӣ дирижаблҳоро низ истифода мебур­данд. Нахустин Бомбаафкани мукаммал самолёти чормуҳаррикдори «Иля Мурометс» буд, ки аз тарафи Игор Сикорский соли 1913 сохта шудааст. Дар он бомбаҳоро ҳам дар дарун ҷойгир мекарданд ва ҳам аз берун меовехтанд. Бомбаборонкунии аввалини Порис 30 августи 1914 рух дода­аст. Ба Англия бори аввал 4 ноябри 1914 ҳавонавардон Каспар ва Росса бомба партофтанд. Дар Олмон нахустин Бомбаафканҳо (G-III, G-V) соли 1916 дар ширкати «Гота» аз тара­фи ихтироъкори олмонӣ Ферденанд фон Сепелин, авиаконструкторон Эрнст Хейнкел, Адолф Рорбах ва дигарон сохта шуданд. Нахустин Бомбаафкан дар ИМА (МВ-1) аз ҷониби асосгузори ҳавопаймосозии амрикои Глен Мартин сохта шуд, ки 17 августи 1918 ба ҳаво парвоз кард. Бомбаафканҳо ҷабҳаӣ (дар аввал онро тактикӣ меномиданд) ва дурпарвоз (стратегӣ) мешаванд. Доираи амалиёти Бомбаафканҳои ҷабҳаӣ (Су-24, Су-34) хурд буда, асосан барои зарба задан ба ақибгоҳи амалиётии душман пешбинӣ шудаанд. Ҳадафи Бомбаафканҳои дурпарвоз (Ту-160, Ту-95, Ту-2243 – Руссия; Н-6 – Хитой, В-52, В-1, В-2, – ИМА) маҳв кардани нуқтаҳои муҳимми амалиётӣ ва стратегии душман, масалан, анборҳо, пул­ҳо, заводу фабрикаҳо, бандарҳо ва ғайра мебошад. То оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Бомбаафкани вазнин Боинг В-17 «Флайн Фортресс» («Қалъаи парвозкунанда»)-и амрикоӣ ва тезсуръаттарину баландпарвозтарин Бомбаафкан дар ҷаҳон Бомбаафкани амрикоии Консолидейтед В-24 «Liberator» («Озодкунанда») буд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) наздики 100 навъи мухталифи Бомбаафкан, аз ҷумла Бомбаафканҳои ҷабҳаии шӯравии Пе-2, англисии Де Ҳевиленд «Москито», амрикоии А-20 Ҳэвок, А-26 Инвейзер ва Бомбаафканҳои дурпарвози русии Ил-4, англисии Виккерс «Веллингтон», амрикоии В-25, «Мит­челл», олмонии Не-111, Ju-88 ва ғайра ширкат доштанд. Ба­рои дастгирии қувваҳои хушкигард Бомбаафканҳои якмуҳаррикдори Фейри «Беттл», Су-2, Ju—87 ва ғайраро низ истифода мебурданд. Аз соли 1944 дар амалиёти ҳарбӣ Бомбаафканҳои реактивӣ иштирок карданд. Нахустин самолёти маҳвкунанда-бомбаафкан – Мс-262А2 соли 1942 дар Олмон истеҳсол шуд, ки дар беруни он ду бомбаи 500-килоиро меовехтанд. Аввалин Бомбаафкани реактивии Аr-234 низ дар Ол­мон сохта шуд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Бомбаафканҳо боиси кушта шудани миллионҳо одамони ғайринизомӣ, валангор гардидани шаҳру деҳот, корхонаҳои бузург ва иншо­оти ҳаётан муҳим гардиданд. Дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 6 августи 1945 Бомбаафкани дурпарвози амрикоӣ ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон бомбаҳои атомӣ партофт, ки дар натиҷа ин шаҳрҳо комилан вайрон ва беш аз 200 ҳазор мардум кушта шуданд. Бомбаафканҳои ҳамлавар (Ил-2, Ил-10, Су-25, Су-39, А-10), нишебпар (Ju-87, Пе-2), қиркунанда (Р-47, Су-7, Р-105), аз ҷумла Бомбаафканҳои маҳвкунандаи бисёрҳадафа (Миг-25, Миг-31, Су-30, Р-15Е, Р/А-18) низ мавҷуданд. Бомбаафканҳои муосир аз Бомбаафканҳои пешина комилан тафовут доранд. Бомбаафканҳои муосир метавонанд рӯзонаву шабона, дар ҳар гуна вазъи обу ҳаво бо бомбаҳои одию ядроӣ, мушакҳои болдори идорашавандаи «Ҳаво-Замин», мушакҳои зиддикиштӣ зарба зада, минтақаҳои баҳрӣ ва соҳилиро минагузорӣ кунанд. Онҳо бо олатҳои нишонгиру навигатсионӣ, дастгоҳҳои идоракунии автоматӣ ва маҷмӯи воситаҳои мудофиа ҷиҳозонида мешаванд. Бомбаафкани дурпарвози байниқитъавӣ метавонад аз як гӯшаи ҷаҳон ба дигараш парвоз кунад. Дар рӯзҳои мо Бомбаафканҳоро дар Ироқ ва Афғонистон ба таври хеле фаъол истифода бур­да истодаанд. Дар замони ҳозира Бомбаафканҳои бесарнишин низ бисёр истифода мешаванд.

Бомбаафканҳои пуриқтидори муосир: дар Руссия – Бомбаафканҳои дурпарвози Ту-22М, Ту-160, Ту-95М ва ҷабҳаии Су-34; дар ИМА – Бомбаафкани камаёни В-2А, Бомбаафканҳои фавқуссадои В-18, В-52Н, самолётҳои маҳкунанда-бомбаафкани F-15Е, F-16, дар Қувваҳои ҳарбии баҳрӣ – самолёти маҳвкунанда – бомбаафкани саҳникиштигии F/А-18; дар Хитой – Бомбаафкани дурпар­вози Н-6 (нусхаи Ту-16-и Руссия); дар Фаронса – самолё­ти маҳвкунанда – бомбаафкани Мираж 2000N.

Адабиёт: Виноградов Р. И., Пономарёв А. Н. Развитие самолётов ми­ра. Москва, 1991; Андреев И. А. Боевые самолёты. Москва, 1992; Ильин В. Е., Левин М. А. Бомбардировщики. Москва, 1996; Боевая техника и ору­жие 1939-1945. Москва, 2001. Зефиров М. В. Асы второй мировой вой­ны. Британская империя. Москва, 2004.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …