Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОМАРШЕ Пйер-Огюстен Карон

БОМАРШЕ Пйер-Огюстен Карон

267px-dapres_jean-marc_nattier_portrait_de_pierre-augustin_caron_de_beaumarchaisБОМАРШЕ Пйер-Огюстен Карон де (24.1.1732, Порис – 18.5.1799, ҳамон ҷо), драматурги фаронсавӣ. Фаъолияташ чун мусиқинавоз ва муаллими мусиқии духтарони шоҳ Людовики XV оғоз ёфтааст. Баъдан ба драманависӣ рӯй овард (драмаҳои нахустинаш – «Евгения» (1767), «Ду дӯст» (1770). Асари дигари Бомарше «Ёддоштҳо» (1774) иборат аз 4 памфлет мебошад, ки дар он усули коргузорӣ ва қазовати ноодилонаи додситонҳои замонашро бераҳмона мазаммат кардааст. Бомарше дар ҷаҳон бо ду асари мазҳакавиаш – «Сартароши севилӣ» (1775) ва «Хонадоршавии Фигаро» (1784) машҳур гардидааст. Қаҳрамони асосии ин асарҳо хидматгори ҳушманду боғайрат, зираку доно мебошад. Тавассути ин қаҳрамон Бомарше зиддиятҳои иҷтимоии давр, нобаробариро дар ҷомеа тасвир на­мудааст. Аз рӯйи ин ду асар операҳо офарида шудаанд, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешаванд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …