Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОМАХРАМА Абумахрама

БОМАХРАМА Абумахрама

hadisБОМАХРАМА Абумахрама, хонадони донишмандоне аз аҳли Ҳазрамавти Яман дар асрҳои 15-16. Намоёнтарин аъзои ин хонадон, ки дар фиқҳ, ҳадис, таърих, шеър ва тасаввуф номоваранд, инҳо мебошанд:

  • Абутаййиб Афифуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмади Ҳимярии Шайбонӣ (1430-1498), фақеҳ ва адиб. Бинобар дониши густарда ва сароҳати гуфтор мавриди алоқа ва эҳтироми оммаву хосса, аз ҷумла сарсилсилаи тоҳириёни Яман Алӣ ибни Тохир қарор гирифта буд. Бо хоҳиши вай мансаби қазо (қозигӣ)-и шаҳри Аданро бо қайди баъзе шартҳо пазируфт, лекин дар ин мансаб чанд моҳе фаъолият карду аз роҳи дарё ба шаҳри Шиҳр фирор кард ва сипас аз он ҷо ба ватани худ паноҳ бурд. Саранҷом Алӣ ибни Тоҳир узри Абутаййибро пазируфт ва ӯро ба Адан баргардонд. Ӯ дар Адан то охири умр ба кори илмӣ машғул гашт; дар ҳамон ҷо даргузашт ва дар шафати оромгоҳи устодаш Бошкил ба хок супурда шуд. Абутаййиб дар мавзӯъҳои гу­ногун таълифот дорад. Аз ҷумла, «ал-Фатово» дар фиқҳ; «Умнияту-т-томеъ» дар ҷабр ва муқобала; шарҳе бар «ал- Мулҳа»-и Ҳарирӣ; нақде бар «Ҷомеъу-л-мухтасарот»-и Насоӣ; нақде бар «Алфия»-и Ибни Молик; инчунин рисолаҳое дар илми ҳайъат.
  • Абумуҳаммад Абдуллоҳ Таййиб ибни Абдуллоҳ иб­ни Аҳмад (1466-1540), адиб, фақеҳ ва таърихнигор. Шоирдони бисёре тарбия кардааст. Ба қавле, бинобар тангдастӣ ва аёлмандӣ аз ноилоҷӣ муддате мансаби қазои Аданро пазируфт ва чанде муфтии Адан буд. Дар боби таърихи Адан ва шарҳи аҳволи бузургон, аз ҷумла донишмандону амирони он китобе иборат аз ду қисм ба номи «Таъриху-с-суғури Адан» таълиф кардааст, ки аз муҳимтарин ва муътабартарин осори таърихнигории маҳаллӣ ба шумор меравад. Асари дигари ӯ «Килодату-н-наҳри фӣ вафаёти аъёни-д-даҳр» шомили шарҳи аҳволи иддае аз шахсиятҳои маъруф аз нахустин солҳои ҳиҷрӣ то соли 927 ҳ. қ. буда, то андозае китоби «Миръоту-л-ҷинон»-и Ёфеъиро такмил бахшидааст. «Муштабаҳу-н-нисба ила-л-булдон»-и ӯ (бо номҳои «Асмоу-л-булдон» ва «ан-Нисбату ила-л-мавозиъ ва-л-булдон» низ ёд меша­вад) китобест дар баёни мансубон ба шаҳрҳо. Муаллиф сабаби таълифи онро нопайдо будани асари ҷомеъе дар ин замина арзёбӣ кардааст. Аз осори ёфтнашудаи ӯ ба «Асмоу риҷоли муслим», шарҳи «ат-Танбиҳ»-и Абуисҳоқи Шерозӣ, шарҳи «Саҳеҳ»-и Муслим метавон ишора кард.
  • Умар ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад (1479-1545), фақеҳ, суфӣ ва шоир. Дар Ҳиҷрин ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол кард. Нуфузи динӣ ва сиёсӣ-иҷтимоии ӯ ба ҳадде расид, ки бо давлатмардони Давъан ва Ҳиҷрин даргир шуд, аз ин рӯ, султон Бадри Кусайро ӯро се бор ба Шиҳр бадарға кард. Умар фақеҳе маъруф буд, вале баъди шиносоӣ бо Абдурраҳмон ибни Боҳурмузи суфӣ (фавт 1508) таҳти таъсири ӯ ба тасаввуф гаравида, аз муридони хосси ӯ гардид. Як сол қабл аз вафоти пири худ аз дасти ӯ хирқа пӯшида, то охири умр дар Севун халифааш шуд. Дар Севун даргузашт ва марқадаш дар он ҷо зиёратгоҳи ихлосмандон гардид. Шояд сабаби аслии бадарғашавии Умар ҳам ҳамин гароиши шадиди ӯ ба тасаввуф бошад. Ашъори омиёнаи Умар мавриди таваҷҷуҳи хоссу ом, ҳатто дар замони имрӯз низ қарор гирифтааст. Аз девони ашъораш нусхаҳои зиёде дар Яман ва Макка мавҷуд аст. Аз дигар осори мансуб ба Умар метавон ба «Шарҳу асмоил- лоҳи-л-ҳусно», «ал-Матлабу-л-ясир мина-с-солики-л-фақир», «ал-Вориду-л-қудсийю фӣ шарҳи ояти-л-курсийи» ишора кард.
  • Абдуллоҳ ибни Умар (1501-1565), фақеҳ ва ҳайатшинос. Дар улуми мухталиф, аз ҷумла ҳайат, таърих, шеър ва хусусан фиқҳ соҳибназар буд ва дар ҳалли масоилу мушкилоти печидаи фиқҳӣ ҳамто надошт, ҳатто ӯро «Шофеъии сағир» мехонданд. Соли 1537 мансаби қазои Шиҳрро пазируфт, вале сипас курсии устодиро бар ин мансаб авло дониста, ба Адан бозгашт ва то поёни умр ҳамон ҷо зист. Зимни адои мансаби ифто (фатводиҳӣ) назорати умури авқофи се мадрасаро ба уӯда дошт. Дар улуми мухталиф таълифоти зиёде дорад. Аз ҷумлаи осо­ри ӯст: «Рисола фи-л-амали би-р-рубъи-л-мӯҷаб», шарҳи «ар-Раҳбия фи-л-фароиз», «ал-Фатово-л-адания» ё «ал- Фатово-л-ҳиҷрония», «ал-Лумъа фӣ илми-л-фалак», «Набзатун фӣ илми-л-фалак».

С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …