Маълумоти охирин

БОМ

bomБОМ, ҷузви меъморӣ, қисми болопӯши биноҳои иқоматӣ ва маъмурию фарҳангӣ. Навъҳои бом вобаста ба иқлиму шароити ҷуғрофӣ, масолеҳи сохтмон ва мувофиқи тақозои санъати меъморию таъйинот гуногун меша­ванд. Шаклҳои маъмултарини бом: боми ҳамвор, боми якнишеба, боми дунишеба ва ғайра. Дар Осиёи Марказӣ пештар аксар биноҳои похсагӣ ва синҷиро бо бом мепӯшонданд. Бар девори бино болор гузошта, вассапӯш мекар­данд ва сипас онро бо буриё, қамиш ва ё пахол пӯшонда, рӯйи он як қабат гил (хасгил) ва сипас хоки нам (коҳгил) мехобонданд. Аз болои он андова мекарданд, то ки об нагузарад. Дар баъзе ҷойҳо барои об нагузаштан болои андова намак мепошиданд. Ҳоло ин гуна бомҳо қариб сохта намешаванд. Дар Руссия ва дигар мамлакатҳои ҳамҷавори он бомҳои хонаҳои иқоматиро дунишебаи сафолпӯш мекарданд. Бомҳои масҷиду мадраса ва дигар биноҳои маъмурии қадим ба услуби гунбаз сохта мешуданд. Ҳоло дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Мар­казӣ хонаҳои иқоматии шахсии бомашон шиферпӯшу тунукапӯш маьмул гардидааст, вале дар хонаҳои иқоматии коммуналию кооперативӣ ва биноҳои маъмурию фарҳангӣ Бомҳои ҳамвори бетонию мазутӣ бештаранд. Бом аз унсурҳо (ҷузъҳо)-и борбардор (болорҳо, қафасаҳо, панелҳо ва ғайра) ва қабати берунӣ (бомпӯш) иборат аст. Бомҳо бо зершервонӣ, гунбазшакл, токшакл, нишеб ва ҳамвор ме­шаванд. Бомҳои намуди зершервонӣ аз ҳамвориҳои нишеб иборат буда, биноро танҳо аз боришот муҳофизат меку­нанд. Ҳоло бештар Бомҳои ду ва чорнишеба истифода ме­шаванд. Дар Бомҳои ҳамвор ҳамаи унсурҳои он дар ҳудуди як конструксияи бисёрқабата ҷойгиранд. Бомпӯш аз қаба­ти обногузар (рубероид, мастикаи битумӣ, шифер, варақаҳои асбестусементӣ, пӯлоди руҳандуд, сафолак) ва асос (вассачин, унсурҳои болопӯш, қабати ҳамвор ва ғайра), ки бо­лои конструксияи борбардор ё қабати гарминогузар гу­зошта мешавад, мборат аст.                                        

X. Умаров, К. Ҳамидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …