Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЛТАЕВ Муҳаммад Назарович

БОЛТАЕВ Муҳаммад Назарович

imagesБОЛТАЕВ Муҳаммад Назарович (16.10.1928, Бухоро-2011, ҳамон ҷо), файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1966), профессор (1969). Ходими хидматнишондодаи илми Ӯзбекистон (1978). Хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Бухоро (1950). Муддате дар Омӯзишгоҳи педагогии Бухоро ва Кумитаи комсомоли вилояти Бухоро фаъолият доштааст. Аспи­рант (1951-54), муаллими калон (1954-68), мудири кафед­раи фалсафа ва мантиқи ДДТ (1968-74). Аз соли 1974 фа­ъолият дар макотиби олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Аввал профессори Институти такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Тошканд, баъд Ректори Институти педагогии Қаршӣ (1977-86) ва аз соли 1986 то охири умр мудири кафедраи Университети давла­тии Бухоро буд. Болтаев ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафӣ ва мантиқии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ, хусусан Ибни Сино ва мактаби фалсафии машшоъ машғул буд. Доир ба масъалаҳои назарияи маърифати Ибни Сино ва шогирдону пайравони ӯ таҳқиқоти бисёре анҷом додааст. Нисбат ба фаъолияти баъзе намояндагони тасаввуф ва афкори маънавию аҳлоқии мутафаккирони Шарқӣ аср­ҳои миёна низ таҳқиқоти арзишманд дорад..

Осор: Материя ва шуур. Сталинобод, 1958; Назарияи дониш. Сталинобод, 1960; Некоторые вопросы гнесеологии и логики в произве­дениях Ибн Сины и его школы. Душанбе, 1965; Ибни Сино. Душанбе, 1972; Абу Али ибн Сина – великий мыслитель, учёный, энциклопедист средне­векового Востока. Ташкент, 1980; Ибн Сина – выдающийся философ средневековья. Москва, 1983

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …