Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЛШЕВИЗМ

БОЛШЕВИЗМ

bolshevizmБОЛШЕВИЗМ, болшевик, намояндагони ҷараёни сиёсӣ дар РСДРП, сипас ҳизби мустақиле, ки ба он В. И. Ле­нин роҳбарӣ мекард. Мафҳуми Болшевизм бори аввал дар Съезди II РСДРП (1903) пайдо шуд. Баъди он ки дар интихобот мақомоти роҳбарикунандаи РСДРП тарафдорони Ленин овози бештарро гирифтанд, онҳоро болшевику муқобилонашонро, ки дар мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб назар ба болшевикҳо кам монданд, меншевикҳо (нигар Меншевизм) меномиданд. Амалан Болшевизм аз соли 1983 ҳамчун ҷараёни сиёсӣ дар дохили РСДРП, баъди Инқилоби Феврал (аз апрели 1917) ҳамчун ҳизби радикалии чапгарои сиёсӣ арзи вуҷуд кардааст.

Истилоҳи Болшевизм ба номи расмии ҳизб – Ҳизби сотсиал-демократи коргари (болшевикон)-и Руссия дохил шуда, дар номгузориҳои минбаъдаи он – Ҳизби Коммунист (болшевикон)-и Руссия мақоми худро нигоҳ дошг. Съезди 19 ВКП (б) (1952) қарор кард, ки истилоҳи Болшевизмро аз номи ҳизб бардошта, минбаъд ҲКИШ (КПСС) номида шавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …