Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОЛШЕВИК

БОЛШЕВИК

bokhtarБОЛШЕВИК, деҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар. Аз Болшевик то маркази ноҳия 30 км; рох асфалтпӯш. Аҳолиаш 365 нафар (2013). Бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бирлик таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабза­воткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Мувофиқи шаходати Фаттоев Ҳоҷӣ Додиллои 78-сола деҳа соли 1930 таъсис ёфтааст. Соли 1948 дар деҳа 17 хоҷагӣ мавҷуд буда, дар ҳайати колхози ба номи Максим Горкий бо номи участкаи Крупская (аз соли 1987 ба номи Д. Нуриддинов) вуҷуд дошт. Соли 1970 номи Болшевикро гирифт. Айни замон дар Болшевик 15 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …