Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЛОТНИКОВ Петр Григорович

БОЛОТНИКОВ Петр Григорович

pyotr_bolotneykovБОЛОТНИКОВ Петр Григорович (таваллуд 8.3.1930), варзишгари рус (варзиши сабук). Устоди хидматнишондодаи варзиши Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1959), чемпиони шонздаҳкаратан Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1957-62) дар давидаи ба масофаи 5000 ва 10000 метр, чемпиони Аврупо (1962) ва Бозиҳои олимпӣ (1960) дар давидан ба масофаи 10000 метр. Рекордсмеии ҷаҳон дар давидан ба масофаҳои 5000 ва 10000 метр (1960-63). Солҳои 1965-85 сармураббии клуби «Спартак» оид ба варзиши сабук буд. Муаллифи китоби «Охирин давра» (Москва, 1975). Ҳар сол дар шаҳри Саранск мусобиқаи байналмилалии дави­дан барои дарёфти ҷоизаи Пётр Болотников баргузор мегардад.

Адабиёт.: Новая российская энциклопедия. Т. III (1). Москва, 2007.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …