Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОЛОШАҲР

БОЛОШАҲР

rashtБОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 235 нафар (2013). Нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона-фароғатгоҳ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили минбаъдаро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шоле ва мактаб-интернати маркази ноҳия идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбурпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаи Хартез ва Обдара обёрӣ мешаванд. Аҳолӣ тақрибан дар асрхои 17-18 маскун шудаанд. Аз сабаби дар ҷойи аз ҳама баланди ҷамоат ҷой гирифтан ва сераҳолӣ будан Болошаҳр номгузорӣ шудааст. Соли 1940 аҳолии Болошаҳр то ба 170-200 хоҷагӣ расида буд. Соли 1953 мардумаш куллан ба ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён кучонида шуда, деҳа беодам монда буд. Солҳои 1974-76 як қисми аҳолӣ ба Болошаҳр баргаштанд. Зодгоҳи ходими давлатӣ Маҳмадулло Холов (собиқ Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …