Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЛОХОНА

БОЛОХОНА

bolokhonaБОЛОХОНА, дар санъати меъморӣ хонае, ки дар бо­лои бинои асосӣ сохта мешавад. Дар Осиёи Марказӣ Болохонаро дар болои дарвозаҳона низ месозанд. Болохона айвондор ва беайвон мешавад. Таъйиноти ҳар ду навъи он дар фасли гармо барҳаво шудани иқоматгоҳ аст. Болохона аслан дар биноҳои иқоматӣ, вале гоҳе дар биноҳои фарҳангию маъмурӣ низ (аз ҷумла мадрасаи Носирия дар Табрез, девони шоҳӣ дар Ғазна, нақорахона дар Бухоро ва ғайра) сохта мешуд. Болохонаро ҳамчун анбори хоҷагӣ низ истифода мебаранд. Ни­гар низ Хона.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …