Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОЛИВИЯ

БОЛИВИЯ

boliviaБОЛИВИЯ (Bolivia), Ҷумҳурии Боливия (Pepublica de Bolivia); аз 20.10.2010 номи расмиаш – Давлати бисёрмиллати Боливия (испанӣ Estado Plurinacional de Bolivia), давлат дар қисмати марказии Амрикои Ҷанубӣ. Дар шимол ва ғарб бо Бразилия, дар ҷануби шарқӣ бо Парагвай, дар ғарб бо Чили ва Перу, дар ҷануб бо Аргентина ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1098581 км2, аҳолиаш 10,9 млн (2012). Пойахти расмиаш – Сукри, маъмулиаш – Ла-Пас. Ба 9 департаменти расмӣ: Кочабамба, Ла-Пас, Оруро, Пандо, Потоси, Санта-Крус, Тариха ва Чукисака ҷудо мешавад. Иди миллӣ – Рузи Истиқлол – 6 август (аз 1825), воҳиди пулӣ – боливиано.

Сохтори давлатӣ. Боливия ҷумҳурии воҳиди президентист. Сардори давлат, ҳукумат ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳаш Президент буда, ҳамроҳи ноиби президент (дар рӯйхати ягона) ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Мақоми олии қонунгузори Боливия Конгресси миллӣ мебошад, ки аз Палатаи намояндагон (130 нафар, намояндагони ҳизбҳо ва ҳаракатҳо) ва Палатаи сенаторҳо (36 нафар) иборат аст. Суди Олӣ, судҳои округӣ ва маҳаллӣ амал мекунанд. Аъзои Суди Олӣ ва Суди конститутсионӣ аз ҷумлаи аъзои Конгресси миллӣ ба муҳлати 10 сол, бидуни ҳуқуқи азнавинтихобшавӣ, баргузида мешаванд. Боливия узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Давлатҳои Амрико, Гурӯҳи Анд ва ғайра мебошад.

Табиат. Боливия дар минтақаҳои субэкваторӣ ва тропикии Нимкураи Ҷанубӣ воқеъ буда, дар ғарб қисми асосии Анди Марказӣ ва дар шаҳри пастиҳои паҳноварро ишғол карда­аст. Силсилаи куҳҳои Анд ба ду шоха – қаторкӯҳ0и Ғарбӣ ва қаторкӯҳи Шарқӣ (дар байнашон теппакӯҳҳои Пуна, баландиашон то 3-4 ҳазор метр) тақсим шуда, дар Ғарб ба Кордил йераи Ғарбӣ ва дар шаҳри ба Кордилйера-Реал (қаторкуххои баландтаринаш Иллимани – 6682 метр, Анковма – 6550 метр) мепайванданд. Аз Кордилйераи Шарқӣ бо саргаҳи деҳаҳои Бени ва Маморе, дараву водиҳои онҳо ҷудо гардидаанд. Ҳамвориҳои қисми шимоли шарқии мамлакат то ба Пастиҳои Амазония мерасанд.

Сохти геологӣ. Қисми ғарбии Боливия дар ҳудуди минтақаи чиндори кӯҳҳои Анд, қисми шарқиаш дар платформаи Амрикои Ҷанубӣ ҷой гирифта, аз минтақаҳои вулканафшони давраи кайнозой (Кордилйера)-и фурӯхамидагиҳои таркишдори қишри замин (Аптиплано) иборат аст. Кордилйераҳои Марказию Шарқӣ аз қабатҳои баҳрии давраҳои кембрий, ордовик, силур ва девон, таҳнишастҳои қитъавии карбон, бур ва палеоген, қисми платформаи Амрикои Ҷанубии мансуби Боливия аз гнейсҳои давраи токембрий, сланетсҳо ва гранитҳо ташаккул ёфтаанд. Захираҳои бузурги минерал, нафт, газ, волфрам, сурма, нуқра, тилло, мис, улексит, конҳои оҳан, марганетс, уран, кварс, намаксанг, мармар, бентонит, сангҳои қиматӣ дорад.

Иқлим. Боливия дар минтақаи иқлими тропикии баландкӯҳ (Пуна, Кордилйераи Ғарбӣ) ва нимбиёбон (дар ғарб) воқеъ гардида, ҳарорати миёнаи июл 3-7°С, январ – 9 -11°С мебошад. Бодҳои шадид ва зудтағйирёбии иқлим мушоҳида мегардад; барфи қуллаҳои баланду пиряхҳо об намешавад. Ҳамвориҳои қисмати шарқӣ 4-5 моҳ, шимол Боливия то 9 моҳ ба хушкшавӣ гирифтор мешаванд. Дар ҷануби мамлакат ҳарорати миёнаи июл 17-22° С, январ 24-28° С, миқдори боришоти солона дар шимол 1300-1600 мм, дар ҷануб то 800 мм мебошад. Боливия захираҳои обии фаровон дорад: кули бузурги Титикака (дар баландии 3810 м); дарёҳои Десагуадеро, Бени, Маморе, Гуапоре якҷо шуда, дарёи Мадейра (шохоби Амазонка)-ро ташкил медиҳанд. Дарёҳои қисми шарқии Боливия, ғайри Пилкомайо ва Парапети аз шиддати гармо мехушканд.

Хок, наботот. Алтипламои Ғарбиро нимбиёбонҳо, қисмати шарқии мамлакатро даштҳои тропикии баланд­кӯҳ ишғол кардаанд. Нишебиҳои шарқии кӯҳҳои Анд аз бешаҳои тропикӣ, ҳамвориҳои шарқӣ аз саваннаҳо, қисми ҷанубӣ аз ботлоқзорҳо иборатанд. Дар бешаҳо дарахтони наҳл, каучук, ҳиннӣ, буттаи кока, найшакар, аво­кадо, муз ва ғайра мерӯянд. Олами ҳайвонот бештар аз лама, гуанако, маймунҳо, тапирҳо иборат буда, паранда, хоянда, хазанда ва ҳашароти гуногуни бумӣ (таҳҷоӣ) вомехуранд. 12 боғи миллӣ дорад (машҳуртаринашон – Ноэл Кемпфф Меркадо, ки соли 2000 ба Рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид). Обхезиҳо, сармои шадид, дар баландкуҳҳо – хатарҳои табиӣ; косташавии ҳудуди бешазорон, бодлеси (эрозия)-и хок, биёбоншавӣ, камшавии намудҳои мавҷудоти биологӣ, аз байн рафтани навъҳои эндемикӣ, ифлосшавии об масоили экологии Боливия мебошанд.

Аҳолӣ. Асоси аҳолии Боливияро дурагаҳо (метисҳо)-и испанию Ҳиндуии ба ном чоло ташкил медиҳад, ки шумораашон аз ҳисоби омезиш бо намояндагони дигар қабилаҳои ҳинду афзун мегардад. Ҳиндуҳои кечва 30%, аймора 25% ва насли сафедпусти бо аврупоиҳо даромехта (бештар бо испаниҳо) 15 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Сокинони бешаҳои тропикии шарқӣ мамлакатро «Ҳиндуҳои ҷангалӣ» меноманд. Забонҳои расмӣ испанӣ, кечва, аймора буда, «Ҳиндуҳои ҷангалӣ» ба забонҳои гу­ногуни мансуби оилаи забонҳои тупӣ-гуаронӣ ва аравакӣ ҳарф мезананд. 95 дарсади аҳолии Боливия католикҳо, боқимонда муътақидони мазҳабҳои анъанавии маҳаллӣ ва динҳои дигар мебошанд. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ 65,5 сол (мардҳо – 62,9, занхо – 68.2) буда, аҳолӣ бештар аз бемориҳои саратон, варана, сил, исҳоли хунин мефавтад. Зичии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 80,1 нафар дар 1 км2. 63 дарсади аҳолӣ шаҳрнишин, дар департаментҳои Кочабамба ва Ла-Пас беш аз 8 дарсади аҳолии қобили меҳнат бекор (2010) буда, 93 дарсади мардҳо ва 80 дарсади занҳо босаводанд.

Таърих. Дар ҳудуди кунунии Боливия аз замонҳои қадим қабилаҳои ҳиндуёни Амрико – офарандагони тамаддуни баланди Вискачани (асрҳои 10—8 то милод) ва Тиауанако (ҳазорсолаи 1 то милод – ҳазорсолаи I милодӣ) маскунанд. Дар ас­ри 14 халқияти аймора, ки дар байнашон коляҳо буданд, аз ҷониби инкҳо (кечва) тасарруф ва ба яке аз чаҳор музофот – Колясуйуи давлатӣ Тавантинсуйу ҳамроҳ карда шуданд. Солҳои 1532-38 Колясуйуро испаниҳо ғасб намуда, ба ҳайати ноиб-шоҳигарии Перу, ки Перуи Боло ё Бошишгоҳи шоҳи Чаркас ном дошт, ворид карданд (1776 дар таркиби Ла-Плата). Дар он замон Перу бузургтарин истихроҷкунандаи нуқра ва Патоси калонтарин шаҳр дар ҳудуди мулкҳои испаниягӣ буданд. Аҳолии таҳҷоӣ зидди истибдодгарони испаниягӣ шӯриш мебардошт (хуруҷи солҳои 1780-81 таҳти сарварии бародарон Катари). Ҳамсангари муборизи шуҳратманди Амрикои Ҷанубӣ Симон Боливар – А. Сукре дар наздикиҳои мавзеи Аякучо лашкари Испанияро саркӯб кард. 6.8.1825 Перуи Боло соҳибистиқлол эълон шуда, ҷумҳурии ҷавонро ба шарафи Бо­ливар Боливия ном ниҳоданд. Конститутсияи аввалин соли 1826 қабул гардид. Солҳои 1836-39 Боливия ба Конфедератси­яи Перу – Боливия дохил буд. Дар асри 19 Боливия ба номунтазамии ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва табаддулоти сершумор мувоҷеҳ буд. Зиддият бо давлатҳои ҳамсоя мӯҷиби аз даст рафтани як қисми ҳудудаш гашт. Дар натиҷаи ҷангҳо барои дарёфти нуфуз дар Уқёнуси Ором (1864-66 ва 1879—84) Боливия аз роҳи баромад ба соҳил маҳрум шуд. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) Боливия, агарчи сиёсати бетарафиро пеш мебурд, Антантаро бо маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ таъмин мекард; соли 1917 муносибатҳои дипломатиашро бо Олмон қатъ кард. Ҳангоми ҷанги байни Чаку Парагвай (1932—35) Боливия аз се ду ҳиссаи ҳудуди баҳсноки минтақаи нафтдори Чако-Бореалро аз даст дод. Баъди табаддулоти ҳарбӣ ва сари қудрат омадани X. Д. Торо Руйлова (1936—37) ва X. Буш Бесерра (1937-39) фаъолияти монополияҳои хориҷӣ маҳдуд ва тамоми захираҳои табиии мамлакат миллӣ кунонида шуданд. Дар апрели 1943 Боливия зидди Олмон, Итолиё ва Ҷопон ҷанг эълон кард. Зимни табаддулоти ҳарбии моҳи де­кабри 1943 ҳукумати миллатгарои Г. Вилярроэл сари қудрат омада, баъди куштори ӯ (1946) ҳокимият ба дасти хунтаи ҳарбӣ гузашт. Дар натиҷаи инқилоби соли 1952 са­ноати кӯҳкорӣ миллӣ, маориф демократӣ, ҳуқуқи Ҳиндуҳо бо сокинони дигар баробар карда шуд. Нобасомониҳои иқтисодии солҳои 1952-56 ва 1960- 64 ҳукумати миллатгароёни Боливияро водор кард, ки ба хусусигардонии объектҳои бахши давлатӣ ва ёрии созмонҳои мададгори Амрикои Ҷанубӣ ва давлатҳои дигар рӯй оварад. Солҳои 1964-82 дар Боливия чандин ҳукумату низом ҳамдигарро иваз карданд (аз дав­раи соҳибистиқлол эълон шудан Боливия 190 табаддулоти давлатиро аз сар гузаронд), аз ҷумла отряди партизании Б. Э. Че Гевара торумор карда шуд. Иқтисоди Боливия пасту боло мерафт, ба буҳронҳо гирифтор мешуд. Ҳаракату ҳизбҳои дар парламент ғолибомада ҳам гоҳ муваффақ мешуданду гоҳ ба истеъфо мерафтанд. Масалан, давраи начандон тулонӣ В. Пас Эстенссоро бори чаҳорум (1985-89) президенти Боливия интихоб шуд. Пешвои ҳаракати инқилобии чапгаро X. Паса Самора (1989-93), намояндаи ҳаракати MNR Г. Санчес де Лосада (1993-97) ва дигар шахсони сари қудратомада наметавонистанд масоили иқтисодию сиёсӣ, бекорӣ, мухолифати байни қавмҳо ва ғайраро ҳал намоянд. Минбаъд диққати асосӣ боз ба хусусигардонии иқтисодиёт, либерализатсияи савдои хориҷӣ, паст кардани беқадршавии пули миллӣ ва чораҳои дигар равона шуд, аммо суръати сусти рушди иқтисод болоравии воқеиро таъмин карда натавонист. Соли 1997 ҳукумфармои собиқ У. Бансер Сварес президенти Боливия интихоб шуда, соли 2001, аз сабаби вазъи бади саломатӣ, истеъфо дод (соли 2002 вафот кард). Соли 2002 президенти навинтихобшуда Г. Санчес де Лосада ба эътирозҳои хунини оммавии халқ тоб наоварда, маҷбуран ба истеъфо рафт. К. Д. Месса ҳам баъди чанде ҳукуматронӣ (2003-05) вазифаро тарк кард. Соли 2003 дар мамлакат «ҷанги газ» рух дод. Шӯришгарон милликунонии саноати газ ва таҳти назорати давлат қарор доданн онро талаб мекарданд. 10.6.2009 Президенти Боливия Эво Моралес Айма декрете ба имзо расонд, ки мувофиқи он Боливия «Давлати бисёрмиллати Боливия» номида шуд. 20.10.2010 Боливия бо Перу қарордод ба имзо расонд, ки мувофиқи он як қитъа замини наздисоҳилии Перу ба муҳлати 99 сол ба Боливия иҷора дода шуд, то дар он барои худ бандар созад. Ҳамин тариқ, барои Боливия баъди 127 сол боз роҳ ба уқёнус кушода шуд.

Баъди бозгашт ба сохти конститутсионӣ дар Боливия 70 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд, ки бузургтаринашон Ҳаракат ба сӯйи сотсиализм, Ҳаракати инқилоби миллатгаро, Ваҳдати миллӣ, Нерӯи нави ҷумҳуриятталаб ва ғайра ме­бошанд. Созмонҳои иттифоқҳои касабаи Боливия: Маркази коргарии Боливия, Конфедератсияи воҳиди иттифоқи каса­баи коргарону деҳқонони Боливия. Дар Боливия инчунин созмони Ҳаракати Ҳиндуҳои Пачакути ва дигар созмонҳои мардуми таҳҷоӣ ва ҳаракатҳои экологӣ фаъолият доранд.

Иқтисодиёт. Боливия яке аз давлатҳои нодортарин ва рушднакардаи Амрикои Лотинӣ мебошад. Ибтидои асри 20 таъмингари асосии ашёи хоми минералӣ барои саноати филиззоти рангаи ИМА ва Аврупо гашт. Баъди паст рафтани нархи маҳсулоти содиротӣ Боливия ба содироти гази табиӣ, соя ва маҳсулоти аз он тайёршуда пардохт. Азбаски шабакаҳои нақлиётии комил надорад, минтақаҳои канории мамлакат аз марказҳои иқтисодӣ дур афтодаанд ва додугирифтро дар сарҳадоти давлатҳои ҳамсоя анҷом медиҳанд. Дар иқтисодиёт бахши хусусӣ бартарӣ дорад. Ширкатҳои бузурги «Корпорасйон минера Боливяна (COMI-BOL), «Ясимйентос петролиферос фискалес Боливянос» (YPFB), қисми сайрхатҳои авиатсионӣ, шабакаҳои телефонӣ, роҳи оҳан, электроэнергия ва ғайра хусусианд. Маблағгузорону соҳибкорони хориҷӣ метавонанд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди Боливия бемамониат ва бидуни бақайдгирӣ фаъолият кунанд. Боливия 9 минтақаи озоди иқтисодӣ дорад. Дар Боливия назо­рати асъорӣ вуҷуд надорад. Мубодилаи пулӣ ва пардохтҳо асосан (92%) бо доллари ИМА сурат мегиранд.

Саноат. Дар Боливия асосан корхонаҳои хурди истеҳсоли дастӣ ва ҳунармандӣ фаъолият доранд. Бахши ғайридавлатӣ ва иқтисодиёти пасипардагӣ озодона амал меку­нанд. Саноати истихроҷкунанда (висмут, курғошим, рух, мис, нуқра ва тило) асоси иқтисоди Боливия мебошад. Дар истихроҷи сурма дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Истихроҷи гази табиӣ ва нафт ҳам бахши муҳимми содирот аст. НБО-ҳои калони Боливия: Санта-Исабел дар дарёи Вара-Вара, Кобрани ва Кава дар дарёҳои ҳамном. Саноати коркарди маҳсулот асосан талаботи дохилиро таъмин меку­над (маҳсулоти ғизоӣ, тамоку; нассоҷӣ, мебел, чармгарӣ, коркарди чуб ва ғайра). Заводҳои начандон калони сементу коркарди нафт, муассисаҳои васлкунандаи таҷҳизоту мошинҳо (дар Ла-Пас) мавҷуданд.

Кишоварзӣ. Дар баъзе минтақаҳои Боливия заминдориҳои калом маҳфуз мондаанд. Дар атрофи шаҳрҳо ва дигар мавзеъҳои аҳолинишин маҷмааҳои агросаноатӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ ташкил ёфтаанд (заминҳои корам каманд). Рустанипарварӣ, сабзавоткорӣ, кишти ғалладона (водиҳои д. Кочабамба), шолӣ, найшакар, кофе, какао; аз зироатҳои техникӣ кишти пахта ба роҳ андохта шудааст. Маводи мухаддир дар доманакӯҳҳои Анд кишт карда ме­шаванд; аз ҷиҳати кишти кока дар ҷаҳон ҷойи севвумро ишғол мекунад (баъди Колумбия ва Перу). Дар чорводорӣ парвариши чорвои калони шохдор, гусфанд, буз, хук, алпак афзалият доранд. Дар хоҷагии ҷангал истеҳсоли пӯстлохи дарахти ҳино, каучук бештар ба назар мерасад. Моҳидорӣ дар сатҳи саноатӣ нест.

Нақлиёт. Дар Боливия шабакаи нақлиёт тараққӣ накардааст. Дарозии роҳи оҳан ҳамагӣ 3519 км буда, Боливияро бо Чили, Арген­тина, Бразилия ва Перу мепайвандад. Роҳҳои мошингард – наздики 70 ҳазор км. Ширкатҳои «Эйросур»-у «Ллойд аэрео боливяно» таъмингари асосии роҳҳои ҳавоиянд. Боливия 1067 аэропорт дорад (танҳо хатти давиши самолёт дар 16-тоаш асфалтпӯш аст). Роҳҳои обӣ бештар тараққӣ кар­даанд; бандарҳои асосӣ – Кобиха (д. Акри), Рурренабаке (д. Бени) ва Пуэрто-Сварес (д. Парагвай). Лулаҳои интиқоли газу нафт дорад. Шарикони тиҷорати Боливия Бразилия, Ҷопон, Венесуэла, ИМА, Колумбия, Швейтсария, Руссия. Боливия табиати зебо дошта бошад ҳам, соҳаи сайёҳӣ тараққӣ накардааст. 64 дарсади аҳолӣ камбизоат, 21,7% хеле фақиранд. Соҳаи тандурустӣ низ қафомонда буда, бемориҳои сирояткунанда бисёранд. Бо вуҷуди ин, Мар­кази тиббии Боливия (ҷарроҳии дилу раг) ва Маркази ташхиси радиологии «Докторес Контресис», клиникаҳои назди донишгоҳҳои Боливия машҳуранд. Футбол, голф, варзиши сабук намудҳои маъмули варзишанд. Кумитаи олимпии Боливия соли 1932 таъсис ёфтааст.

Маориф. Сатҳи маърифатнокии аҳолии аз 19-сола бо­ло наздики 88%. Маориф таълимоти томактабӣ (то 6-сола), ибтидоӣ, миёна ва олиро таъмин мекунад. Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиш дар асоси қонуни соли 1994 қабулшуда фаъолият мекунанд. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна асосан давлатианд. 12 донишгоҳи давлатӣ, 37 донишгоҳи хусусӣ дорад.

Илм. Таҳқиқоти илмӣ хуб роҳандозӣ шудааст. Сатҳи кунунии соҳа соли 1991 ташаккул ёфтааст. Роҳбари шӯрои миллии илму технологияҳо – ноиби президенти кишвар аст, ки ба ҳайати он вазирони маориф, фарҳанг, вар­зиш, роҳбарони Кумитаи иҷроияи донишгоҳҳои Боливия, Ассотсиатсияи миллии донишгоҳҳои хусусӣ, Академияи миллии илмҳо, намояндагони департаментҳо шомиланд. Таҳқиқоти илмиро шӯро ташкилу назорат, Раёсати гене­ралии илму технология маблағгузорӣ менамояд. Марказҳои таҳқиқоти илмии донишгоҳҳо мавқеи махсус доранд (пажӯҳишгоҳҳои тиббӣ, генетикӣ, биологияи молекулавӣ, агрономӣ, кишоварзии тропикӣ, кӯҳкорӣ, нафту кимиё, илмҳои ҷамъиятӣ). Пойгоҳи биологии Бени, Расадхонаи миллии астрономӣ, институтҳои таҳқиқоти фундаменталии соҳаҳои нафту кимиё, технологияҳои кишоварзӣ амал мекунанд. 160 маҷаллаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр мешавад.

Адабиёти Боливия ба забонҳои испанӣ, кечва ва аймара эҷод мешавад. Ёдгори адабии давраи токолумбӣ драмаи халқии «Алу-Олантой» мебошад, ки ба забони кечва эҷод шуда, соли 1853 ба табъ расидааст. Сурудҳои гимнмонанд дар мавзӯи парастиши Офтоб (хайля) маълуманд. Адабиёти кечва дар шакли шифоҳӣ расидааст. Асарҳои Ф. Гваман Пома (Ҳинду) ва роҳиб А. де Каланча, инчунин ахбори «Таърихи шаҳри империявии Потоси» ба мавзӯи ҳаёту маишати даврони мустамликавӣ бахшида шудаанд. Симоҳои намоёни даврони истиқлолхоҳӣ, на­мояндагони лирикаи ватандустӣ X. И. Санхинес ва X. Валпарримачи Майта мебошанд. Адабиёти асри 19-и Боливия дар равияҳои романтизм (Р. X. Бустаманте) ва модернизм (Р. Ҳаймес Фрейре, Ф. Тамайо ва Г. Рейнолдс) падид ома­дааст. Эҷодиёти публитсист ва таърихнигор Г. Р. Море­но, нависанда Н. Агирре (романи «Хуан де ла Роса. Ёддошти охирин сарбози ҷанг барои истиқлол») мавқеи махсус дорад. Охири асри 19 адабиёт ба тасвири ҳаёти қабилаҳои таҳҷоӣ, урфу одат ва расму ойини онҳо рӯ овард. Дар адабиёти асри 20 реализм мавқеъ пайдо кард (романҳои «Ҳаёти креолҳо» ва «Нажоди биринҷӣ»-и А. Аргедас). Ғояи бо таъйиноти махсус – ҳамчун муноҷӣ ва маҳдӣ (мессия) ба замин нозил шудани Ҳиндувон (индейҳо) дар асарҳои Т. Мароф (номи аслиаш Г. А. Наварро) «Светонио Пимйента», «Волл-стрит ва гуруснагӣ» ва ғайра инъикос ёфтааст. Ҷанги Чак (1932-35) ба инкишофи адабиёти зиддиҷангӣ ва эътирози иҷтимоӣ («Туфони оташин»-и О. Серруто, «Хуни дурагаҳо»-и А. Сеспапес) мусоидат на­муд. X. Лара чун ифодагари бедории миллии Ҳиндувон ва ҳомии манфиати онҳо падид омад (повести «Репетё», романҳои «Янакуна», «Хуни мо», «Ҷасорат»). Солҳои 1950 ва минбаъд асарҳои фалсафию равонӣ (А. Касерес, Ромеро) фарогири мавзӯъҳои шикасти рӯҳӣ, зиддиятҳои иҷти­моӣ, модернистӣ ва сюрреалистӣ эҷод шуданд. И. Бадрегап, А. Кардона Торрико, Р. Эчасу, Э. Митре, Р. Поппе, С. Мендисабл, В. Монтойа, Э. Пас Солдан адибони машҳури охири асри 20 ва аввали асри 21-и Боливия мебошанд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Аз боқимондаҳои аҳди қадими Боливия харобаҳои Тиаванако, ки вобастаи санъати инкҳост, қобили тазаккур мебошад (иншооти сангаи Дарвозаи Офтоб, асри 8, дар соҳили кули Титикака). Дар даврони мустамликавӣ дар меъморӣ услуби бароккои испанӣ («услуби метисӣ»), яъне, омехтаи ҳунари биносозии испанӣ бо маҳаллӣ маъмул буд; айни он дар санъати тасвирӣ ҳам ба мушоҳида мерасад. Ибтидои асри 19 биноҳо дар доираи услуби класситсизм, минбаъд (асри 20) дар заминаи функсионализми аврупоӣ сохта мешуданд (меъморон Г. Медейрос, Л. Вапкарел). Санъати тасвирии асрҳои 19-20 омезиши анъанаҳои миллӣ ва модернизми аврупоист: мусаввараҳои Н. Ногалес ва С. Гусман де Рохас, муҷассамаҳои И. Римши; деворнигораҳои гурӯҳи эҷодии «Антео», асарҳои дар услуби постмодернизм офаридаи Р. Валкарел.

Мусиқӣ. Фарҳанги мусиқии Боливия бо эҷодиёти мардуми таҳҷоии сарзамин – кечва, аймара ва креолҳо (авлоди аввалин испаниҳо ва португалиҳои дар Боливия маскуншуда) зуҳур кардааст. Сурудҳои лирикии иҷрояшон гуногун: багвала, ярави, видала, ванка, тристе ва ғайра маъмуланд. Аз созҳои мусиқии миллӣ кена, найи Пан, эрке (нафасӣ), бомбо ва каха (зарбӣ); дар байни креолҳо гитара ва чаранго маъмуланд. Мусиқии миллӣ бештар дар эҷодиёти Т. Варгас Кандиа, С. Ронкал ва М. Валда мавқеъ дорад. Э. Каба ва X. М. Веласко Майдана ҳунармандони машҳури бурунмарзии Боливия мебошанд. Оҳангсозони касбии нимаи дуввуми асри 20 мусиқии миллиро бо унсурҳои иҷрои равияӣ авангард омезиш додаанд. Санъати балетро дар Болиия ду гурӯҳи касбии эҷодӣ – балети миллии фолклорӣ (аз соли 1975) ва Балети расмии Боливия (аз соли 1951) муаррифӣ мекунанд, ки муттасил ба давлатҳои дигари Амрикои Лотинӣ ва Аврупо сафарҳои ҳунарӣ карда, қариб дар 60 фестивали фолклории ҷаҳон ширкат варзидаанд.

Театр. Аз давраи токолумбӣ драмаи «Алу-Олантой» расида, дар замони мустамликавӣ дар Потоси аз ҷониби тарғибгарони католитсизм саҳнаҳо дар мавзӯи Инҷил иҷро мегардиданд. Солҳои 1617-19 дар шаҳри Ла-Пас ду те­атр таъсис ёфта, аввалин пйесаи миллӣ (дар мавзӯи шӯриши Ҳиндувон таҳти роҳбарии бародарон Катари) ба саҳна гузошта шудааст. Баъди соҳибистиқлол шудани Боливия театр асосан таҳти таъсири осори саҳнавии испанӣ қарор дошт. Соли 1834 дар Кочабамба аввалин асари миллӣ— пйесаи X. Мендес «Ихтиёр ба духтарон» рӯйи саҳна омад. Минбаъд драматургияи миллӣ ба мавзӯъҳои замон, иҷтимоъ рӯй овард. Солҳои 1930 дар Боливия ҳамагӣ 2 театр фаъо­лият мекард; солҳои 1950-60 труппаҳои зиёди нимкасбӣ пайдо шуданд (машҳуртаринашон Театри миллии Колясуёи назди Донишгоҳи техникии Оруро). Аз солҳои 1960 санъати саҳнавӣ дар маҷрои театри нави Амрикои Лоти­нӣ (драманависон А. Коста ду Реле ва Р. Салмон) инки­шоф ёфта, як қатор театрҳои таҷрибавӣ ва театрҳои касбӣ арзи вуҷуд карданд (дар Ла-Пас, Бени, Кочабамба, Сукра). Дар онҳо бар замми осори классикии В. Шекспир, А. Чехов, Э. Ионеску, Г. Гарсна Маркес, Б. Брехт асарҳои драматургияи миллӣ ба саҳна гузошта мешуданд. Соли 1998 иттиҳодияи театрҳои касбии «Утопос» ва ассотсиатсияи «Театри мустақили Боливия» (TIBO) таъсис ёфтанд.

Кино. Аввалин филми мустанад дар Боливия соли 1913, нахустин филмҳои пурраметражи беовоз соли 1925 («Дили Аймара», коргардон П. Самбарино, «Каромоти кӯл» ва «Вар-Вара»-и X. М. Веласко Майдана, 1929), овоздор со­ли 1948 наворбардорӣ шудаанд. Баъди таъсиси Донишкадаи миллии кинематография (1952-67) зиёда аз 400 фил­ми кӯтоҳметраж эҷод гардид (коргардон X. Санхинес), ки мавзӯъҳои доғи замон, масоили сокинони таҳҷоӣ ва ғайраро дар бар мегирифт. Аз солҳои 1990 соле 2-3 филм дар мавзӯъҳои гуногун (детектив, мазҳака, мелодрама, барои кӯдакон) таҳия мегарданд. Коргардонони номӣ: К. Мерида, X. К. Валдивиа, М. Лоайса, У Ара. Дар Боливия Осорхонаи миллии бостоншиносӣ (1846), Осорхонаи миллии мардумшиносӣ ва фолклор (1956), Осорхонаи миллии санъат (1961), Осорхонаи антропологӣ (1944) ва ғайра амал мекунанд.

Китобхонаҳои бузургтарини Боливия: Китобхонаи миллӣ (1838, шаҳри Сукра, шуъбааш дар Ла-Пас, дар бинои Кон­гресси миллӣ), китобхонаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Бо­ливия (Ла-Пас), китобхонаи Донишгоҳи Сан-Андерс ва ғайра.

Матбуот, радио, телевизион. Чопи рӯзномаи кӯҳантарини Боливия «El Diaro» соли 1904 дар Ла-Пас шурӯъ шуда буд. Рӯзномаҳои умумидавлатии «а Razon» (1990) ва «La Jomada» (1964), минтақавии «La Prensa» (Ла-Пас), «os Tiempos» (Кочабамба), «El Peber» (Санта-Крус), «Corro del Sur» (Сукре), «El Potosi» (Потоси) нашрияҳои маъмули Боливия буда, медиа-маркази «Lider» ба табъ мерасонад. Нашрияи «El Mundo» (Потоси) махсус барои доираҳои соҳибкорӣ нашр мешавад. Оҷонсии давлатии «Agencia Boliviana de Informacion» (ABI; 1995, Ла-Пас) танҳо аз фаъолияти давлат иттилоъ медиҳад, «Agencia de Noticias Fides» (ANF, 1963, Ла-Пас) тамоми рӯзномаҳо ва радиову телевизионро бо иттилооти дохиилию хориҷӣ таъмин менамояд. Дар Боливия зиёда аз 320 пойгоҳи радио ва 48 пойгоҳи телевизион фаъолият доранд. Bolivision (шабакаи 4), «Television Boliviana» (шабакаи 7) телевизионҳои маъмултарини давлатианд. Телевизионҳои ғайридавлатию хусусӣ, ҳатто донишгоҳӣ фаъолият доранд.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия, Т. И. Москва, 2005, Страны мира. Современный справочник. Москва, 2008,            М. Шарифзода.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …