Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЛИВАР (Bolivar) Симон

БОЛИВАР (Bolivar) Симон

bolivar-simonБОЛИВАР (Bolivar) Симон (24.7.1783, Каракас, Вене­суэла, 17.12.1830 – Санта-Марта, Колумбия), яке аз роҳбарони муборизаи озодихоҳонаи мустамликаҳои Испания дар Амрикои Лотинӣ, ходими давлатӣ. Дар шаҳри Каракаси Венесуэла, дар оилаи ашрофзода таваллуд шудааст. Аз падару модар барвақт маҳрум гашта, таҳти васояти амакаш ба камол расидааст. Солҳои 1799-1806 ба Аврупо карда, дар Испания, Фаронса ва Итолиё зиста, дар маросими тоҷгузории На­полеон Бонапарт иштирок намудааст. Соли 1807 ба Венесуэла баргашта, барои барҳам додани низоми мустамликавии Испания дар Венесуэла муборизаҳои истиқлолхоҳонаро (солҳои 1810— 11) вусъат бахшид. Баъди шикасти ҷабҳаҳои озодихоҳон дар Венесуэла ба Гранадаи Нав (ҳозира Колумбия) фирор намуд. 6 августи 1813 ба Венесуэла лашкар кашида, Каракасро ишғол намуд ва Венесуэларо ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон кард. Боливар сарвари нахустину диктатори комилҳуқуқи Ҷумҳурии Венесуэла ва сазовори унвони Озодкунанда гардид. Соли 1814 ҷанговарони муттаҳидаи Испания Венесуэларо забт намуданд ва Боливар майи 1815 ба истеъфо рафта, дар Ямайка ва сипас Гаити паноҳ бурд. Декабри 1816 бо дастаҳои озодихоҳон дар соҳилҳои Ве­несуэла сангар гирифта, аз нав муборизаи озодихоҳонаро шурӯъ намуд. Ӯ бо фармони махсус низоми ғуломдориро дар кишвар бекор карда, ба сарбозони ҷабҳаи озодихоҳон додани заминро эълон дошт, ки ин тадбир боиси дастгирии ҳамаҷонибаи Боливар аз ҷониби мардум гардид. Боливар соли 1819 Гранадаи Навро озод карда, онро ҷумҳурии соҳибистиқлоли Колумбияи Бузург эълон намуд. Ӯ худи ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Колумбияи Бузург интихоб гардид, ки ба ҳайати он Венесуэла, Гранадаи Нав ва дертар Кито (Эквадор) дохил мешуданд. Соли 1824 Боливар нерӯҳои ҳарбии Испанияро дар Перу шикаст дода, сардо­ри давлатӣ нави соҳибистиқлол гардид, ки ба шарафи ӯ Боливия номида шуд. Соли 1826 бо ташаббуси Боливар дар Па­нама Конгресси муттаҳидаи давлатҳои соҳибистиқлоли Амрикои Лотинӣ даъват карда шуд. Дар ин Конгресс нақшаи созмон додани Конфедератсияи давлатҳои Амри­кои Ҷанубӣ (Венесуэла, Колумбия, Перу, Боливия, Ла-Плата ва Чили) дар мисоли Конфедератсияи ИМА аз ҷониби вакилон дастгирӣ наёфт. Баъди интиҳои муборизаҳои озодихоҳона миёни давлатҳои Колумбияи Бузург ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ қувват гирифта, ҳукумати Боливар дар Перу ва Боливия сарнигун шуд (1827-28). Дертар Кито ва Вене­суэла аз Колумбияи Бузург ҷудо шуданд (1829-30). Боливар соли 1830 зери фишори нерӯи мухолифин ба истеъфо рафта, аз муборизаҳои сиёсӣ даст кашид. Баъди аз қудрат рафтани ӯ Колумбия, Венесуэла ва Эквадор давлатҳои мустақил шуданд. Боливар соли 1830 дар наздикии Санта-Марта (Колумбия) вафот кард. Баъди ду сол (1832) ҷасади ӯро ба таври тантанавӣ ба Каракас (Венесуэла) оварда, дафн карданд. Ба шарафи Боливар дар мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ номи шаҳрҳо, кӯчаву хиёбонҳо, воҳиди пулӣ ва ғайра, гузошта шудааст.

Адабиёт: Лаврецкий И. Р. Боливар. Москва, 1981; Глиикип А. Н. Дипломатая Симона Боливара. Москва, 1991. Маршал Ф., Крени Б. Боливар, Москва, 1944; Война за независимость в Латинской Америке (1810-1826). Москва, 1964; Альперович Москва, Слезкин Л. Образование независимых го­сударств в Латинской Америке. Москва, 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …