Маълумоти охирин

БОЛИД

bolidБОЛИД (фаронсавӣ bolide, аз юнонӣ bolis – найзаи партофташуда), 1) шиҳоб (метеор)-и дурахшониаш на камтар аз 4m (аз Зуҳра равшантар), ки андозаҳои кунҷии намоён дорад. Муниртарин Болид рӯзона ҳам намудор мешавад; шабона ҷилд ва думи онро низ дидан мумкин аст. Болид пайе мегузорад, ки аз гази иондор ва чанг иборат аст. Ҳангоми парвози Болид баъзан садои махсус шунида мешавад ва радиоалоқа қатъ мегардад. Шиҳобҳо пеш аз ба Замин афтидан чун Болид намоён ҳастанд. Баъзе Болидҳо пурра насӯхта, дар шакли шиҳоб ба Замин меафтанд. 19 марти 1718 Г. Галилей парвози Болиди ниҳоят бузургеро мушоҳида кардааст, ки «…чун Офтоб равшан буд». Яке аз Болидҳои калонтарин «Бенешов» мебошад, ки дурахши он 21 m бузургии ситоравӣ аст (барои муқоиса дурахши Моҳ – 1З m, Офтоб – 26m). Аз рӯйи нақли шоҳидони афтиши шиҳоби Сихотэ-Алин (12 феврали 1947) он аз Офтоб равшантар буда, (дар рӯзи равшан) чашмро кӯр ва соя пайдо мекард. Ба­рои мушоҳидаи Болидҳо дар ИМА, Канада ва Аврупо шабакаҳои махсус таъсис дода шуда буданд, лекин кори онҳо пурмаҳсул нашуд. Аз ин рӯ, ҳоло Болидҳоро аз мушакҳои кайҳонӣ мушоҳида менамоянд.

2) Намуди автомобилҳои пойгавии чархкушоди тезсуръат (то 335 км/соат), ки дар муқоиса бо Болид номи рамзии худро соҳиб шудаанд. Ҳар сол байни онҳо чемпионати ҷаҳон – «Формула-1» аз рӯйи пойгаи ҳалқавӣ гузаронда мешавад. Он аз марҳалаҳои алоҳида (гран-при) иборат  буда, дар шаҳру мамлакатҳои гуногун мегузарад. Дар «Формула-1» сарнишинҳо байни худ барои унвони «Чемпиони ҷаҳон» ва дастаҳо барои «Номи конструкторҳо» мубориза мебаранд.

                                                                                                                                                                М. Халов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …