Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЛДИРЕВ Алексей Василевич

БОЛДИРЕВ Алексей Василевич

imagesБОЛДИРЕВ Алексей Василевич (27.3.1780-29.8.1842, Маскав), забоншинос-шарқшиноси рус. Хатмкардаи Университети давлатии Маскав (1805). Баъдан дар Олмон ва Фаронса таҳсил кардааст. Профессор (1815) ва ректори Университети давла­тии Маскав (1832-37). Соли 1811 дар Университети давлатии Мас­кав таълими мунтазами забонҳои Шарқ (арабӣ, яҳудии қадим, форсӣ ва ғайра)-ро ҷорӣ намуд. Муаллиф ва мураттиби «Грамматикаи мухтасари забони арабӣ» (1827, 1836), «Хрестоматияи арабӣ» (1824, 1832), «Хрестоматияи фор­сӣ» (1826, 1833—34; намунаҳоро аз эҷодиёти Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз, Нахшабӣ, Ҷомӣ, Мирхонд ва дигарон дар бар мегирифт). Ин асарҳо то охири асри 19 чун дастури таълим ба кор бурда мешуданд. Болдирев ва шогирдонаш матнҳои форсиро ба русӣ тарҷума карда, дар маҷаллаҳову маҷмӯаҳо чоп менамуданд. Тарҷумаи баъзе пораҳо аз қиссаи ишқии «Лайлӣ ва Маҷнун» ба қалами Болдирев тааллуқ дорад.

Адабиёт: Стариков А. А. Восточная филология в Московском универ­ситете // Очерки по истории русского востоковедения. С. 3, Москва, 1960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …