Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЛДИРЕВ Александр Николаевич

БОЛДИРЕВ Александр Николаевич

boldyrev_anБОЛДИРЕВ Александр Николаевич (29.5.1909, Санкт- Петербург -1993, ҳамон ҷо), шарқшинос-эроншиноси рус, доктори илмҳои филология (1954), профессор (1959). Ходими хидматнишондодаи илми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1969). Хатмкардаи Институти фалсафа, адабиёт ва санъати шаҳри Ленин­град (1931). Ходими илмии Базаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1933-36), шуьбаи Шарқи Эр­митажи давлатии Ленинград (1936-41), Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1942-50), муаллим ва мудири кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии Ленинград (1937- 84). Беш аз 100 асараш ба табъ расидааст. Фаъолияти илмию эҷодии Болдиев чун фолклоршинос оғоз ёфтааст. Дар Базаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ ҳамроҳи Алӣ Хуш дар мураттабсозии «Намунаи фолклори тоҷик» (1938) ширкат дошт. Пас аз бозгашт ба Ленинград ба омӯзиши осори шоирону адибони асрҳои миёнаи форс-тоҷик Низомӣ, Ҳоқонӣ, Восифӣ, Дарвеши Деҳакӣ, сарчашмахои омӯзиши ҳаёти адабӣ ва мадании асри 16 («Музаккиру-л-аҳбоб»-н Хоҷа Ҳасани Мисорӣ) ва ғайра машғул шудааст. Болдирев дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Восифӣ матни интиқодии асари ӯ «Бадоеъу-л-вақоеъ»-ро дар Маскав (1961) ва Теҳрон (1971-72) дар ду ҷилд ба табъ расондааст. Кори дигари Болдирев чун матншинос ба чоп омода сохтани «Таърихи Бадахшон»-и Сангмуҳаммади Сурхафсар (1959) мебошад. Болдирев дар бораи таърихи забони форсӣ, ташаккул ва рушди он, дар бораи тарҷумаҳои форсии «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ, ҷараёни тасаввуфии нақшбандия мақолаҳо навиштааст. «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомиро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Болдирев ва И. С. Брагинский мустақилона ба кори тақсимбандии таърихи адабиёти форс-тоҷик ба давраҳо машғул шуда, ба баррасии аҳли илми таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик пешниҳод намуданд. Маълум гар­дид, ки тақсимбандии ҳар ду муҳаққиқ асосан ба ҳам монанд мебошанд. Дар асоси онҳо як даврабандии ягонае барои таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик қабул гар­дид. Бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (1973) ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ва санъат ва меъморӣ (2010), инчунин бо орденҳо ва медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиаистӣ сарфароз гардидааст.

Осор! Муайян намудани таърихи таълифи «Нуҳзатномаи Алоӣ» аз рӯи як рубоии Рӯдакӣ // Маҷмӯа.: «Рӯдакӣ ва замони ӯ»- Сталинобод, 1958; Персидская литература с VIII до начала XIX века. // Краткая история литератур Ирана, Афганистана и Турции. Ленинград, 1971; Зайниддин Васифи. Таджикский писатель XVI века. Душанбе, 1989.

Адабиёт: Милибанд С. Д. Востоковеды России. Москва, 2008.

М. Муллоаҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …