Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКУӢ Буабдуллоҳи Боку

БОКУӢ Буабдуллоҳи Боку

imagesБОКУӢ Буабдуллоҳи Боку, Ибни Бокуя, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Убаӣдуллоҳ (фавт 1037, Нишопур), яке аз машоихи мактаби ирфонии Хуросон. Нисбаташ аз номи бобояш Бокуя (мансуб ба шаҳри Боку) гирифта шудааст. Ҷой ва соли таваллудаш номаълум; даврони хурдӣ ва ҷавониашро дар Шероз гузаронидааст. Дар ҷавонӣ аз Абуяҳё Бакр ибни Аҳмад ҳадис шунида, дар ҳамин давра ба ҳалқаи муридони су­фии маъруф Ибни Хафиф пайваст; аз ӯ низ ҳадис шунид ва ба қавле таълимоти каломии Ашъариро низ аз ӯ омӯхт.

Бокуӣ ба кишварҳои исломӣ сафарҳои бисёр карда, шаҳрҳои зиёдеро дидааст. Маъхазҳо аз сафарҳои вай ба шаҳрҳои Қазвин, Рай, Байзо, Исфаҳон, Гундишопур, Ромхурмуз, Тустар, Куфа, Басра, Бағдод, Димишқ, Рамла, Бухоро, Хуҷанд, Хуросон маълумот додаанд. Бокуӣ ба Нишопур омада, ба ҷамъи муридони Абуабдурраҳмони Сулламӣ пайваст; дар хонақоҳи ӯ сокин шуд ва пас аз даргузашти шайх халифаи ӯ гашта, иршоди муридонро ба дӯш гирифт. Бокуӣ дар Нишопур бо Абулқосим Қушайрӣ ва Абусаиди Абулхайр низ мулоқот ва суҳбатҳо доштааст. “Ӯ дар ибтидо нисбат ба Абусаиди Абулхайр ва маҷлисҳои ваъзи ӯ беэътиноӣ зоҳир карда, рақсу самоъи ӯро тамомаи қабул надоштааст ва онро инкор мекардааст, вале баъди мушоҳидаи каромоти шайхи мазкур тасаввуроташ дар бораи ӯ дигар гашта, ба қавли Абдурраҳмони Ҷомӣ, «дилхуш шуд ва инкори вай тамом бархост». Бокуӣ бо шайх Абулаббоси Наҳовандӣ низ муддате мусоҳиб будааст; онҳо дар мавриди тариқат бо ҳам гуфтугӯҳое доштаанд ва шайхи мазкур фазлу пешгомии ӯро эътироф кардааст. Абдуллоҳи Ансорӣ дар бораи мақоми Бокуӣ дар тасаввуф гуфтааст: «Вай пешвои ин кор буд ва аз ҳамаи улум бонасиб».

Бокуӣ дар тӯли сафарҳояш бо уламову муҳаддисон, орифону машоихон ва суфиёни бисёре вохурда, дар бораи аҳволу ахбори онҳо ҳикояту ривоятҳои фаровон гирдоварӣ кард. Ҳарчанд Бокуиро соҳиби таснифоти бисёр донистаанд, аз ӯ танҳо як асар дар бораи Мансури Ҳаллоҷ («Бидояту ҳоли-л-Ҳусайн ибни Мансури-л-Ҳаллоҷ ва ниҳоятуҳу») то замони мо расидааст. Ҳоҷихалифа дар «Кашфу-з- зунун ан асоми-л-кутуби ва-л-фунун» китоберо ба номи «Ахбору-л-орифин» (номи дигараш «Ҳикоёту-л-орифин») ва К. Броккелман дар «Geschichteder Arabishen Litteratur» китоби «Ҳикоёту-с-суфия»-ро аз ҷумлаи таълифоти ӯ шумурдаанд. Дар баъзе маъхазҳо девони Шайх Алӣ, машҳур ба Бобокӯҳӣ, иштибоҳан ба вай нисбат дода шу­дааст. Бархе тазкиранигорон, аз ҷумла Ҷунайди Шерозӣ, навиштаанд, ки Бокуӣ дар охирҳои умр ба Шероз бозгашта дар даруни ғоре мезист, аз ин рӯ, бо номи Бобокӯҳӣ маъруф гашт; ҳамон ҷо фавтид ва қабраш ҳам ҳамон ҷост, аммо бархи дигар қабри мазкурро ба шахси дигаре бо ҳамин ном нисбат додаанд.

Адабиёт: Бертельс Е. Э. Суфизм и суфийская литература. Москва, 1965;

С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …