БОКС

boxБОКС (аз англ. Bох — зарба), муштзанӣ, навъи варзиш, аз рӯйи қоидаи муайян муштзании байни ду варзишгар. Панҷ ҳазор сол пеш дар Мисру Бобул дар шакли муштзании одӣ пайдо шудааст. Қоидаҳои бозии Бокс (бе дастпушак) дар Англия (асри 18) ҷорӣ гардида, соли 1867 истифодаи дастпушак шурӯъ шуд. Бокс аз соли 1904 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил ва минбаъд баргузории чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъаву давлатҳои алоҳида аз рӯйи он ба анъана даромад. Мусобиқа дар ринг – майдончаи чоргушаи дарозӣ ва бараш 6 метр ки атрофаш бо таноб иҳота шудааст, дар чанд навбат (раунд) бо танаффуси якдақиқагӣ мегузарад. Ба ринг ҳарифони ҳамвазн (истисно бокси касбӣ) роҳ дода мешаванд. Ғолиб варзишгаре мегардад, ки ҳарифро бо ҳуҷуми муваффақиятнок ши­каст медиҳад, ё қувваи ҳарифаш ба давом додани бозӣ намерасад, ё ҳарифаш аз идомаи бозӣ сар мекашад. Мувофиқи қоидаи Бокс аз камар поин, ба буни гардан, ба тахтапушт, инчунин ҳарифи аз пой афтодаро задан мамнуъ аст. Мусобиқаи муштзанҳоро як ҳаками дохили ҳалқа (ринг) ва 3-5 ҳаками берун аз он доварӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон ин навъи варзиш маъмул аст. Намояндагони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавии Бокс пайваста иштирок мекунанд.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

borndalen

БОРНДАЛЕН

БОРНДАЛЕН, Бёрндален (Bjorndalen) Уле Эйнар (27. 1.1974), варзишгари норвегӣ (биатлон, лижаронӣ). Чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар …