Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЁИ НОЙИНӢ Боқӣ

БОҚИЁИ НОЙИНӢ Боқӣ

imagesБОҚИЁИ НОЙИНӢ Боқӣ (1595, Нойин – 1633, Банорас), шоир ва мусиқидони форсизабони Ҳиндустон. Дар ашъораш ба тақозои вазн «Боқӣ» ва ё «Боқиё» тахаллус мекард. Пас аз касби камол ба Исфаҳон рафта, илму дониш, махсусан улуми адабиро омӯхт. Дар Ироқ аз сӯҳбати шоирону донишмандони давраш – Ҳаким Шифоӣ ва дар Хӯросон аз вохурӣ бо Малик Мирзои Фасеҳӣ баҳравар гардидааст. Аз маҳорати Боқиёи Нойинӣ дар шеъру мусиқӣ Абдулбоқии Наҳовандӣ дар тазкираи «Маосири Раҳимӣ» ва муаллифи тазкираи «Майхона» Абдуннабӣ Фахрӯззамонии Қазвинӣ иттилоъ додаанд. Абдуннабӣ ин шахсро бори аввал соли ба Ҳиндустон расиданаш ва сипас борҳо, то охири умраш дидааст ва бо вай ҳамсӯҳбат шудааст. Боқиёи Нойинӣ соли 1614 бо роҳи Қандаҳор ба Ҳиндустон рафт; аввал ба хидмати вазири Ҷаҳонгир (ҳукмронӣ 1606 – 28) Мирзо Ғиёсбеки Эътимодуддавла расид, сипас ба Дакан омад ва ба мулозимати шоҳзода Хуррам – Шоҳиҷаҳон (1628 – 57) ворид гардид. Пас аз ду сол тарки хидмати дарбор намуд ва ба тиҷорат машғул шуд. Дар солҳои охири умр боз ба хидмати Шоҳиҷаҳон пайваст. Аз ӯ иҷозаи сафари ҳаҷ гирифта ба Эрон омад. Пас аз муддате боз ба Ҳинд омад ва дар Банорас фавтид.

Аз Боқиё девони ашъор шомили қасоид, ғазалиёт ва дигар анвои шеър боқӣ мондааст, ки нусхае аз он дар Институти шарқшиносии Ӯзбекистон таҳти шумораи 10226/3 маҳфуз аст. Дастнависи маснавии ирфонии Боқиё – «Зоту сифот» дар Музейи миллии Покистон (NM 1963 – 226/14) нигоҳдорӣ мешавад. Дар илми мусиқӣ низ рисолае доштааст Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони ин соҳа, Боқиё мусиқии эрониро бо мусиқии юнонӣ омезиш дода, ба ра­вияи Амир Хусрави Деҳлавӣ оҳангҳое дар мусиқии ҳиндӣ эҷод намудааст.

Абёти зерии намунае аз нигоштаҳои Боқиё мебошанд:

Аз он Худоӣ ба инсон ду гӯш дода аён,

Аз он намуда забонро ниҳон ба кому даҳан,

Ки ин мабод тағофул кашад ба гоҳи самоъ.

Ки он мабод таҷоҳул кунад гаҳи гуфтан.

Даме, ки мешунавӣ, ҷумла гуш бояд буд,

Валек дар гаҳи гуфтан мабош зудсухан.

Зи осиё натвон буд кам, ки аз раҳи гӯш

Ҳар он чи бишнавад аз ҳар касе ба ваҷҳи ҳасан

Даруни хотири худ то бад-он нагардад боз,

Берун наёрад аз ҷо яке зи роҳи даҳан.

Ш. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …