Главная / Гуногун / БОҚИРИ ДАМОВАНДӢ

БОҚИРИ ДАМОВАНДӢ

imagesБОҚИРИ ДАМОВАНДӢ шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Мувофиқи маълумоти тазкираи Абдулбоқии Наҳовандӣ «Маосири Раҳимӣ» Боқири Дамовандӣ дар зодгоҳаш – Дамованди Эрон таҳсили улум намуда ба ка­мол расидааст. Муддате дар Ироқ буд. Аз он ҷо ба Ҳиндустон омад ва ба хидмати дарбори Абдурраҳими Хонихонон дохил гардид. Аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо (масалан, дар «Маосири Раҳимӣ» як қасидааш иборат аз 42 байт) боқӣ мондаанд.

Абёти зерин аз ӯст:

Саҳар нигори ман омад ба хайрбоди сафар,

Миён ба ҳамраҳияш ҷуст баста бод камар.

Ба мастие, ки арақ дар масоми ӯ шуда май,

Ба тундие, ки тараб дар мизоҷи ӯ шуда тар….

Ш. Муҳаммадиев.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

payvand

МУҒҶАПАЙВАНД

МУҒҶАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба ниҳоли хасак муғҷаи навъи беҳтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …