Главная / Гуногун / БОҚИРАЛИХОН

БОҚИРАЛИХОН

imagesБОҚИРАЛИХОН шоир ва адиби форсизабони Ҳиндустон (асри 18). Дар Лакҳнав ба дунё омада­аст. Дар манбаъҳои адабӣ аз ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш итгилоъ дода нашудааст, вале ӯро дар назму наср моҳиру тавоно ёд кардаанд. Шоири соҳибдевон будааст. Инчунин манзумаҳои «Румузу-т-тоҳирин» ва «Миръоту-л-камол» аз навиштаҳои ӯянд. Асареро бо номи «Гулистони асрор» ба ӯ нисбат додаанд. Байтҳои зерин намунае аз шеъраш мебошанд:

Шуъла зал ишқ ҷисму номи маро,

Шамъсон сӯхт устухони маро.

Ба ғамаш сӯхтам чу девона,

Дод хокистарам нишони маро.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

mugsu

МУҒСУ

МУҒСУ, дарёест дар pайони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз як шудани дарёҳои Селдара ва …