Маълумоти охирин

БОҚИИ КОСОНӢ

imagesБОҚИИ КОСОНӢ шоири тоник (асри 16). Аз аҳли хонадони яке аз ашхоси бонуфузи Косон будааст. Маълумоти ибтидоиро дар хонавода гирифта, баъдан дар Мадраса илмҳои расмии даврро омӯхт ва дар байни аҳли адабу фазли он давра бо донишу фазилати худ шуҳрат ёфт. Аз Боқии Косонӣ қасидаҳо, ғазалҳо ва абёти пароканда ба тавассути тазкираҳо (масалан, «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ) мондааст. Ба қасидаи Котибии Нишопурӣ (бо радифи «гул») назира навиштааст. Байти зерин аз назираи уст:

Килки таҳрираш ҳама гулҳои тар оварда буд,

Кас надидаст аз найи хушке, ки орад бор гул.

Адабиёт: Каримов У. Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Душанбе, 1985; Ҳамон. Литературно-исторические источники и основные тенденции тад­жикской литературы XVI века. Душанбе, 2000.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …