Маълумоти охирин

БОҚИИ КОШОНӢ

imagesБОҚИИ КОШОНӢ шоири эронӣ (асри 17). Дар бораи ин шоир тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ дар асараш «Музаккиру-л-асҳоб» маълумоти ҷолибе овар­да, ӯро чун шоири хушбаёну хуштакаллум ёд кардааст. Мегӯяд, ки: «Алҳақ ибораташ ҷонӣ буд, дар латофат ёқути рангин менамуд. Дар тароват алфози дилфиреби ӯ бар маонӣ шухиангезтар аз хандаи шакарлабон, мазмунҳои бикри тозаи фикраш диловез аз турраи маҳбубон». Инчунин ба қавли ин тазкиранигор Боқии Кошонӣ хаттот будааст ва хатти насхро бо маҳорат менавиштааст. Иборат аз 10 ҳазор байт девон доштааст. Намунаҳо аз ашъори Боқии Кошонӣ:

Магар он шӯх ба сарманзили мо меояд,

Ки зи ҳар ҳалқаи дар бонги «даро» меояд.

Аз шикасти дили ман мерасад овоз ба гӯш,

Пайи ҳар хаста, ки бар санги ҷафо меояд.

Ғайр аз ин нест, ки помол кунӣ хуни маро,

Чӣ зи дастат дигар, эй дузди ҳино, меояд?!

Баски гарм аст ба ҳам улфати мо сӯхтагон.

Шамъ месӯзаду хун аз дили мо меояд.

Гар нагардид дилам аз ғами ӯ хун, Боқӣ,

Ин ҳама ашки ҷигархун зи куҷо меояд?!

У. Назиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …