Главная / Маданият ва санъат / БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ

БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ

imagesБОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ оҳангсоз, ҳофиз, навозанда, мусиқидон, шоир ва табиби тоҷик (нимаи дуюми асри 16 – аввали асри 17). Зодгоҳаш Самарқанд. Асосҳои назариявию амалии илми мусиқӣ ва дигар илмҳои замонашро аз падараш, ки табибу донишманди машҳур буду табъи шоирӣ низ дошт, омӯхтааст. Баъдтар ба Бухоро рафта, назди Кавкабии Бухороӣ шогирдӣ кардааст. Баъди бозгашт аз Бухоро дар дарбори Султон Саидхон мутриб ва табиб буд. Боқӣ дар ин давра як силсила асарҳои мукаммали мусиқӣ офаридааст, ки аз онҳо «Нақши Сегоҳ» (бар усули «Шодиёна», ғазали Ризоии Самарқандӣ), «Пешрави Наво», «Пешрави Рост» (бар усули «Мухаммас», ба мақоми «Рост»), «Амали Сегоҳ» (бар усулҳои «Фохтазарб» ва «Барафшон» (ғазалҳои Ҷалолуддини Балхӣ ва Саъдии Шерозӣ) дар Бухорову Самарқанд Ҳирот ва дигар шаҳрҳо шуҳрат доштаанд. Боқӣ ҳамчунин дар шаклҳои мусиқии «куллиёт», «рехта», «саҷъ», «тарона», «кор» як силсила асарҳо офарида, «Куллиёт»-еро бар матнӣ устодаш Кавкабии Бухороӣ тартиб дода, ба ӯ бахшидааст. Боқӣ дар охири умр ба Ҳисор омада, дар дарбори Темурхон мутрибӣ, сарояндагӣ ва табибӣ карда­аст ва ҳамон ҷо аз олам гузаштааст.

Адабиёт: Дарвешалии Ҷангӣ. Рисолаи мусиқӣ (форсӣ). Р: 449, 468, 3842, 8739, ИШ АИ Ӯзбекистон; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. Душанбе 1988; Донишнаиаи Шашмақом. Душанбе, 2009.                    А. Раҷабов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 17 форс. Па­дараш Мирзо Абутуроб хушнависи …