Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВА Муслима

БОҚИЕВА Муслима

imagesБОҚИЕВА Муслима (таваллуд 7.11.1933, Бухоро), сарояндаи машҳури тоҷик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1971). Санъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбӯрнавози машҳур Бо­қиев Солеҳ омӯхтааст. Аз со­ли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз  намуда, аз устодони мусиқӣ Ф. Шаҳобов, Ф. Солиев, 3. Шаҳидӣ дарси маҳорат омӯхтааст. Аз соли 1953 сароянда ва баъд роҳбари Ан­самбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ансамбли «Чаман») буд. Боқиева сарояндан пурэҳсос ва соҳибзавқ буд, истеъдоди хуб ва овози софу ширадор дошт. Дар иҷрои сурудҳои халқию классикии тоҷикӣ маҳорати тамом дошта, сурудҳои русӣ, озарӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, молдавӣ, қирғизӣ, афғонӣ, эронӣ, арабӣ ва туркиро хуб мехонд. Сурудҳои «Эй машъали Шарқ» (шеъри М. Турсунзода, оҳанги халқ), «Пойтахти ман» (шеъри Б. Раҳимзода, оҳанги 3. Шаҳидӣ), «Духтари Самарқандӣ» (шеъри Б. Фаррух, оҳанги С. Ҳамроев), «Ба Ватан» (шеъри Ҳ. Юсуфӣ, оҳанги халқ), «Ёрӣ надорӣ» (шеъри Воқиф, оҳанги Ф. Одинаев), «Гул ба боғ» (шеъри Зебуннисо, оҳанги Ф. Солеҳов), «Сабзинаранг» (халқ) ва ғайра аз беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд. «Қӯшчинор» (ғазали Туғрал), «Баёти 5» (ғазали Рӯдакӣ), «Қашқарчаи Савти Наво» (ғазали Ҳилолӣ), «Чоргоҳ» (ғазали Камоли Хуҷандӣ) ва дигар сурудҳои классики дар иҷрои ӯ садо додаанд. Боқиева дар сурудҳояш Ватан, меҳнату суботкориҳо ва бахту саодати мардумро тараннум кардааст. Дар ҳайати Ансамбли рубобчизанон ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Эрон (1957), Афғонистон (1963, 1973) ва Австрия (1961) сафарҳои ҳунарӣ намудааст. Боқиева ширкатдори Даҳаи адаби­ёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1957) ва Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар Маскав (1957) мебошад. Барои хидматҳои шоёнаш дар рушди мусиқии тоҷик бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …