Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВ Рустам Худойназарович

БОҚИЕВ Рустам Худойназарович

imagesБОҚИЕВ Рустам Худойназарович (таваллуд 21.1 1978, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба дзюдо (2003) ва гӯштини миллии қураш (2006), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олим­пии дзюдо ва қураш, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007). Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – Мураббии хидматнишондодаи варзишии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Боқиев X. Ғ. омӯхтааст. Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба гӯш­тини миллии қураш, дзюдо ва самбо (1995-2007). Хатмкар­даи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2000). Аз соли 2000 мураббии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба дзюдои ноҳияи Рӯдакӣ. Боқиев дар мусобиқаҳои варзишии сершумори байналмилалӣ иштирок намуда, ғолиб ва соҳиби медалу ҷоизаҳо гаштааст. Ҷоизадори Чемпионати Осиё дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон (1995), ширкатдори Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Атланта (1996), чемпиони мусобиқаҳои Осиёи Ғарбӣ дар шаҳри Теҳрон (Ҷумҳурии исломии Эрон, 1997), чемпи­они мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи ҳаким ат-Тирмизӣ (шаҳри Тирмиз, 2003), чемпиони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ оид ба гӯштини дзюдо ва қураш (шаҳри Душанбе, 2003), ҷоизадори Чемпионати Осиё дар шаҳри Алмаато (2004), чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини миллии қураш (шаҳри Тошкаид, 2005), дорандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Алмаато (2006) ва Теҳрон (2006).

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …