Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВ Расул Худойназарович

БОҚИЕВ Расул Худойназарович

imagesБОҚИЕВ Расул Худойназарович (таваллуд 29.9.1982, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир (дзюдо), Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини қураш (2006) ва дзюдо (2007). Ус­тоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии дзюдо, қураш, самбо, «гӯштингирӣ». Хатмкардаи До­нишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2004). Аз соли 2004 мураббии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба дзюдои ноҳияи Рӯдакӣ. Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – Мураббии хидматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Боқиев X. омӯхтааст. Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо ва самбо, қураш ва «гӯштингирӣ». Ширкатдори чемпионатҳои Осиё, ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ. Соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (шаҳри Душанбе) дар бахши гӯштини дзюдо соҳиби ҷойи дуввум ва дар гӯштини миллии қураш сазовори ҷойи аввал ва меда­ли тило гашт. Соли 2005 дар Чемпионата Осиё (шаҳри Тошканд) дар бахши гӯштини дзюдо соҳиби медали биринҷӣ ва дар гӯштини миллии қураш чемпиони ҷаҳон шуд. Худи ҳамин сол дар мусобиқаи байналмилалии Федератсияи Руссия (шаҳри Йошкар-Ола) ғолиб омада, медали тилоро гирифт. Соли 2006 дар мусобиқаи Ҷоми ифтихории ҷаҳон (шаҳри Гамбур­ги Олмон) сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра, дар мусобиқаҳои байналмилалии Итолиё (Рум) ва Қазоқистон (шаҳри Алмаата) соҳиби ҷойи якум ва медали тило гар­дид. Дар Бозиҳои Осиё (2006, давлати Қатар) дар бахши гӯштини дзюдо медали биринҷӣ ва дар Чемпионати Осиё (2007, Қувайт) медали нуқраро соҳиб шуд. Соли 2007 дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия (шаҳри Рио-де-Жанейро) сазовори ҷойи севвум ва медали биринҷӣ гашта, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Пекин роҳхат гирифт. Соли 2008 дар Бозиҳои XXIX олимпии Пекин (Чин) дар бахши гӯштини дзюдо соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Чемпиони Федератсияи Руссия оид ба гӯштини дзюдо (2009, шаҳри Налчик). Ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар давлати Тунис (2010), шаҳри Қоҳираи Миср (2010) ва шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия (2011). Ширкатдори Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондон (2012). Бо ордени «Шараф» (дараҷаи 1) сарфароз гардидааст.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …