Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВ Олуболу

БОҚИЕВ Олуболу

imagesБОҚИЕВ Олуболу (25.5.1934, ноҳияи Рӯшон – 5.2.1999, Душанбе), доктори илмҳои таърих (1991), профессор (1994). Хатмкардаи Институти давлатии омӯзгории Самарқанд (1955), УДТ (1961, ҳоло ДМТ), аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ле­нинград (Санкт-Петербург; 1969). Солҳои 1955-56 муалли­ми мактаб дар ноҳияи Ғарм, 1961-63 лаборанти калони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 1963 муаллими калон, дотсент ва профессори фа­култаи таърих, 1980-83 муовин ва иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи таърих, чанд соли охир мудири кафедраи таърихнигорӣ ва бойгонишиносии ДМТ буд. Муаллифи беш аз 200 рисола, барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ, ки муҳимтарини онҳо «Аҳволи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар таърихнигории тоинқилобии рус» (1976), «Таҳқиқоти таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон дар асарҳои муҳаққиқони тоинқилобии рус» (1991); «Истило ва ҳамроҳкунии ши­моли Тоҷикистон, Помир ва Кӯҳистони Бадахшон ба Рус­сия» (1994) мебошанд. Бо ор­дени «Нишони Фахрӣ», нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактаби олии ИҶШС», «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.

Қ. Расулиён.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …