Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боқӣ

БОҚИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боқӣ

imagesБОҚИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боқӣ (таваллуд 19.12.1944, деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ), шоир ва нависандаи тоҷик. Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ; 1971). Пас аз хатми таҳсил дар студияи Телевизиони Тоҷикистон (1971- 72), редаксияи рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» (1972— 80), «Адабиёт ва санъат» (1981-82), «Омӯзгор» (1983-98) ва маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» (1998-2001) кор кардааст. Аз соли 2002 сармуҳаррири нашриёти «Бухоро». Ба қалами Боқиев китобҳои «Ҳамосаи модар ва кӯдак» (1984), «Нуқтаи нур» (1986), «Фурӯғи хирад» (иборат аз 5 ҷилд, 2000- 2005), «Ҷовидоннома» (ҷилди 1, 2006; ҷилди 2, 2013) тааллуқ до­ранд. Андарзҳои нависандаи рус Л. Н. Толстойро бо номи «Андарзнома» тарҷума карда ба табъ расондааст (1989). Асарҳои «Фурӯғи хирад» ва «Ҷовидоннома» на танҳо ҳаҷман бузурганд, балки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва мавзуъҳо мукаммалу мураттабанд. Ин асарҳо як тарзи навҷӯию навгӯиҳои ба худ хоссе доранд, ки хонандаро ба андеша водор меку­нанд, масъулияти ӯро нисбат ба ҷаҳони гузарони одамӣ ва ҷовидона будани хиради ҷаҳон фузун менамоянд, то ин ки дар торикшаби печидаи дунё гумроҳ нагардад. Муҳтавиёти ин китобҳо худшиносии инсон дар моварои замин ва кайҳони беинтиҳост. Боқиев инсонро як вуҷуди худогоҳ, асил, офаранда, дорои иродаи мустақил, «худ»-и мустақил, ҷавҳари навъи шариф, қудрати хориқулода тавсиф намудааст. Нигоштаҳои Боқиев фалсафаи ахлоқӣ, дарси зиндагӣ, ойини беҳзистӣ, расидан ба дараҷаи инсони комилро доранд, масъ­улияти инсонро нисбат ба тақдири миллат, ватандорӣ афзун мекунанд. Боқиев чунин мешуморад, ки ҳеҷ чиз арзандатар аз озодию огоҳӣ нест, ҳеҷ чиз шоистатару волотар аз хирад нест. Узви ИЖТ (аз соли 1984).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …