Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВ Маҳмудхон Иноятуллоевич

БОҚИЕВ Маҳмудхон Иноятуллоевич

imagesБОҚИЕВ Маҳмудхон Иноятуллоевич (таваллуд 23.4.1951, шаҳри Ленинобод), забоншинос, доктори илмҳои педагогӣ (1992), профессор (1994). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси УДТ (1973). Солҳои 1973-74 муаллими мактаби миёна, 1974—80 ассистенти ка­федраи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1983-95 дотсент, мудири кафедра, х. к. илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, 1995-98 ходими пешбари илмии Институти таҳқиқоти илмии проблемавии Федератсиям Руссия буд. Солҳои 1998-2006 ректори Донишгоҳи муосири гуманитарии Руссия – Тоҷикистон буд. Аъ­лочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), барандаи ҷоизаи байналхалқии ба номи Суқрот (2007). Бо ордени Нишони Фахрии Федератсияи Руссия (2001) сарфароз гардидааст. Боқиев нахустин олимест, ки дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи муосири гуманитарии Руссия – Тоҷикистон таълими фосилавиро ҷорӣ кардааст. Муаллифи қариб 100 асару мақолаи илмӣ, илмию методӣ, дастурҳо оид ба омӯзиши забони русӣ дар алоқамандӣ бо забони тоҷикӣ.

Осор: Методика обучения выразительному чтению студентов национальной группы педвузов Таджикистана. Москва, 1983; Изучение русской литературы во взаимосвязы с родной. Москва, 1991; Проблемы гуманизации литературного образования таджикских вузов. Москва, 1993; Проблемы этнокультурологии в произведениях таджикских и русских писателей. Москва, 1998.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …