Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОҚӢ

БОҚӢ

bokiБОҚӢ, ал-Боқӣ (арабӣ – ҷовид, абадӣ ва фанонопазир), яке аз номҳои Худованд. Зоти ӯ бо ифодаи номи Боқӣ зиндаи ҷовид ва ҳайю қайюми абадӣ аст. Дар Қуръон ин вожа барои исботи сифати бақо барои Худо ба кор рафтааст: «Ҳар касе бар рӯйи он (замин) аст, фонӣ аст ва (танҳо) зоти Парвардгори ту, ки соҳиби ҷалолу икром аст, боқӣ мемонад» (55:26, 27) ва «Ва Худо беҳтар ва боқӣ аст» (20:73).

Ғаззолӣ дар тафсири маънои Боқӣ мегӯяд: «Ӯ мавҷуди воҷибулвуҷуд бизотиҳи аст, лекин вақте дар зеҳн ба оянда изофа шавад, Боқӣ ва чун ба гузашга изофа шавад, қадим (аввал) номида шавад». Боқӣ аз назари мутакаллимон ва фалосифаи исломӣ мавриди баррасиҳои густардае қарор ги­рифт, ки ин басотати луғавии онро то андозае печида сохтааст. Вожаи Боқӣ дар Қуръони карим бо муштаққоти феълӣ омадааст ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ – «Сунан»-и Тирмизӣ (3507), «Сунан»-и Ибни Моҷа (3861), «Мустадрак»-и Ҳоким ва «Фатҳулборӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (14/468, 469) ба шакли исми фоил зикр шуда­аст. Банда, ки фитратан ба абадият ва ҳаёти мондагор гароиш дорад, мақоми ҷовидонагӣ ва ҳаёти абадиро бо таҷаллии осори номи Боқии Худованд дар зиндагиаш, бо пайравӣ аз таълимоти шариати ӯ ва бо анҷом додани корҳои мондагоре, ки дар таъбири Қуръонӣ ба онҳо боқиёти солиҳот – пасандозҳои нек гуфта мешавад, ба даст меоварад ва ба саодати абадӣ дар биҳишт даст меёбад.

А. Боқизода.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …