Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОҚӢ РАҲИМЗОДА

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

boqi_rahimzoda-350x300БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то соли 2012 Қурултой), деҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ноҳия 1,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4200 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб барои баргузории маъракаҳои мардум ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Аскари Шоҳ обёрӣ мешаванд. Мардумаш солҳои 1949 аз ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) бо мақсади обод кардани заминҳои туғайзор ба ин ҷо муҳоҷир шуда, дар ҳудуди колхози Комсомол бо сарварии раиси колхоз Дусанов Қӯчқор дар 1400 га замини корам киштукор мекардаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …