Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОҚӢ РАҲИМЗОДА

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

dehaБОҚӢ РАҲИМЗОДА (то 14.12.12 Ҷайратеппа), деҳа дар қисми ғарбии ҷамоати деҳоти Қаратоғи тобеи шаҳри Турсунзода. Аз деҳа то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1382 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Имоми Аъзам (собиқ Қӯшбулоқ) идома медиҳанд. Боқӣ Раҳимзода ду нуктаи хидматрасонии маишӣ, 15 хоҷагии деҳқонии хурд (фермерӣ) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, зироаткорӣ. Заминҳо аз деҳаи Қаратоғ ба воситаи наҳри Ямчӣ обёрӣ мешаванд. Деҳа соли 1951 бо мақсади корам кардани заминҳои бикру боиру туғайзор ва васеъ намудани майдонҳои кишти пахтаи Тоҷикистон дар марзи маъмурии ҷамоати деҳоти Қаратоғ, муҳоҷирони минтақаи Ғарм (имруза Рашт) бунёд кардаанд. То замони бунёдшавии деҳа мавзеи иборат аз ҷару теппа буда, Ҷайратеппа ном дошт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …