Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОҚӢ РАҲИМЗОДА

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

dehaБОҚӢ РАҲИМЗОДА (то 28.02.2013 50-солагии Октябр), деҳа дар ҷамоати деҳоти ба номи Крупскаяи ноҳияи Қумсангир. Аз деҳа то маркази ноҳия 16 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 1441 нафар (2013). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, сартарошхона, ошхонаи хусусӣ, 4 нуктаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Қумсангир тариқи насоси обкаш обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …