Главная / Гуногун / БОКӢ Мулло Теҳронхоҷа ибни Мулло Муҳаммад Боқирхоҷа

БОКӢ Мулло Теҳронхоҷа ибни Мулло Муҳаммад Боқирхоҷа

imagesБОКӢ Мулло Теҳронхоҷа ибни Мулло Муҳаммад Боқирхоҷа мутахаллис ба Бебок, шоири тоҷик (асри 19). Мувофиқи маълумоти тазкиранигорон Абдӣ ва Муҳтарам Боқӣ аз акобирзодагони Бухоро буда, нисбаташ ба Амир Исмоили Сомонӣ мерасидааст. Дар назди олимону фозилон илмҳои мутадовилаи даврро ба хубӣ аз худ намуда, чун шахси донишманд шуҳрат ёфт. Ба тасаввуф, ба силсилаи нақшбандия майл доштааст. Ба шеъру шоирӣ низ шуғл меварзид. Дар тазкираҳову баёзҳои асри 19 намунаҳои шеъраш – бештар ғазалҳояш сабт гардидаанд. Абёти зерин намунаи шеъри ӯянд:

Дилам девона аз савдои чашми масти ҷодуяш,

Ҷигар хун аз фироқи лаъли майгуни сухангуяш.

Ба шоми ҳаҷр теғи абруяш ҳар дам кунад бисмил.

Сабо субҳи висолаш ҷон диҳад аз бӯи гесуяш.

Ба занҷири муҳаббат баста ҷон месӯзам аз ҳиҷрон,

Ба доми ҳалқаи зулфаш фитад чун холи ҳиндуяш.

Ба ёди орази гулгунаш аз ҳар дидаи Бокӣ

Равон аз ҳар тараф хунобаи дил гашта бар рӯяш.

Адабиёт: Абибов А. Ганҷи Зарафшон. Душанбе, 1991.          

Ҳ. Қаландаров.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

payvand

МУҒҶАПАЙВАНД

МУҒҶАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба ниҳоли хасак муғҷаи навъи беҳтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …