Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ

imagesБОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ (1527, Истанбул-1599, ҳамон ҷо), шоири турк. Дар мадрасаи Сулаймонияи Истанбул таҳсил кардааст. Дар 19-солагӣ чун шоири ма­қоми аввали Истанбул шуҳрат ёфт ва ба хидмати ҳукмрони давр Султон Сулаймон дохил шуд. Минбаъд мударриси мадрасаҳои машҳури он замон ва қозӣ (муддате дар Макка) буд. Боқӣ девони ашъор (нашри якумаш – 1859; нашрҳои дигар ҳам дорад), тарҷумаи якчанд асари арабӣ дар масоили адабӣ, ирфонӣ ва динӣ дорад. Масалан., яке аз тарҷумаҳои ӯ «Фазоили Макка» номида шудааст, ки тарҷумаи туркии «ал-Аълом фӣ аҳволи Баладиллоҳи-л-Ҳаром»-и Қугбуддин Аҳмад ибни Маккӣ мебошад (хатми таълиф 1579). Нусхаҳо аз тарҷумахои Боқӣ дар китобхонаҳои Туркия мавҷуданд. Боқӣ қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайра эҷод кардааст. Дар эҷодиёташ таъсири Ҳофиз, Салмони Соваҷӣ. Камоли Хуҷандӣ аён аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …