Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОХТАРИЁН

БОХТАРИЁН

bokhtariyonБОХТАРИЁН, шаҳрак дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар. Аз Бохтариён то маркази ноҳия 10 километр, то марка­зи вилоят 5 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4691 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷи аграрӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ, китобхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, боғчаи бачагон, муассисаҳои хӯроки умумӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …