Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОХТАРИҲО

БОХТАРИҲО

baktriysiБОХТАРИҲО, сокинони Бохтар, яке аз қадимтарин мардумони Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Бохтари Қадим, ки минтақаи шимоли Афғонистон, қисматҳои марказу ҷанубии Тоҷикистон ва ҷануби Ӯзбекистони кунуниро фаро мегирифт, зиндагӣ мекарданд. Маркази асосиашон шаҳри Балх буда, онҳо нахустин давлати аҳди қадими маҳаллӣ – давлати Каё­ниён ва тамаддуни қадимии Бохтару Марғушро бунёд гузоштаанд. Маълумоти нахустин оид ба Бохтариҳо дар китоби «Вандидод»-и Авесто зикр шуда, кишвари онҳо Бохтар «бо ди­рафшҳои афрошта» ёд шудааст. Ҳамчунин дар «Зомиед яшт» фарри Каёниро ситудаанд, ки ин далелест ба ойини давлатдории Бохтариҳо дар аҳди қадим. Ктесий Бохтариҳоро халқи сершумор, ҷасур ва ҷанговар гуфтааст. Аммиан Мартселлин ба Ктесий ҳамфикр шуда, онҳоро мардуми ҷанговару тавоно номидааст. Страбон ва Куртсий ҳаёти вазнини Бохтариҳоро қайд карда, тарзи зиндагии онҳоро ба бодиянишинони ҳамсоя шабоҳат медиҳанд. Ба ақидаи Страбон онҳо табиатан нармдил буданд. Куртсий Бохтариҳоро мардуми сангдил ва ҷангҷӯ ба қалам дода, зикр мекунад, ки метавонанд дарҳол 30 ҳазор ҷанговари савораро барои ҳифзи худ гирд оваранд. Ӯ саба­би пархошҷӯии Бохтариҳоро дар ҳамсоягӣ бо сакоиҳои ғоратгар донистааст. Бохтариҳо чун халқҳои таҳҷоии шаҳру деҳот ба киштукор, парвариши зироату боғдорӣ, инчунин чорводорӣ машғул буданд. Қисми қабилаҳои Бохтариҳо тарзи зиндагии бодиянишинӣ доштанд. Клавдий Птолемей чанд қабилаи Бохтариҳоро ном бурда, зариаспиҳоро қабилаи асосӣ шуморидааст. Шаҳри асосии Бохтар низ Зариасп (Балх) ном дошт. Муҳаққиқон симои зоҳирии Бохтариҳоро аз рӯйи сарчашмаҳои хаттӣ ва маъхазҳо муайян кардаанд. Куртсий дар бораи муҳорибаи Гавгамел маълумот дода, скифҳо ва Бохтариҳоро бо андоми даҳшатнок, риши ғӯлӣ, мӯйи дароз, қадди баланд ва ҷуссаи тавоно тасвир кардааст. Ҳамин гуна акси Бохтариҳо дар нақшҳои рӯйисангии Истахр инъикос ёфтааст. Онҳо риши гулӣ, чакмани кӯтоҳ, миёнбанд, шалвори дароз, мукии соқкӯтоҳ доштанд, баъзан ба китфашон чакмани дарозу вазнини беостин мепартофтанд, ба гушҳояшон гушвораҳо меовехтанд. Кулоҳи Бохтариҳо дар осори Хизонаи Омударё хеле хуб тасвир шудааст: он як навъи каллапӯши намадиест, ки гушакҳо ва қисми қафояш дароз буда, то буни гардан мерасид. Аз ҷиҳати этникӣ Бохтариҳо ба тоифаи мардумони эронинажод мансуб бу­данд. Страбон ин ақидаро тасдиқ намуда, мегуяд, ки форсҳо, модҳо, Бохтариҳо ва Суғдиён аз ҷиҳати забон миёни якдигар фарқи зиёд надоранд. Олимони аввали асри 20 забони Бохтариҳоро забони Авесто мепиндоштанд. Баъди таҳқиқи ёдгор­ҳои хатгии аҳди Кушониён дар Сурхкӯтал ва Работак олимон забони онҳоро забони бохтарӣ меномиданд, ки саромади забони дарӣ (тоҷикӣ) будааст. Осори ин забон баъди ба Бохтариҳо омадани тахориён такмил ёфта, бо номи забо­ни тахорӣ маъмул гардид.

Адабиёт: Гафуров Б., Цибукидис Д. Александр Македонский и Восток, Москва, 1980; Фрай Р. Наследие Ирана. Москва, 1972; Ҳамон. Наследие Цент­ральной Азии. Душанбе, 2000; Пьянков И. В. Бактрия в античной тради­ции. Душанбе, 1982.

   И. В. Пянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …